Шабакаи телевизионии ОНТ-и Беларус: «Форуми соҳибкориеро, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, аллакай бузургтарин дар Осиёи Миёна дар солҳои охир номиданд»

Май 15, 2018 16:11

ДУШАНБЕ, 15.05.2018./АМИТ «Ховар»/. «Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, вале дар умум бо тамоми Осиёи Миёна. Ин лаҳзаҳо дар Душанбе музокироти Президенти Беларус бо ҳамтои тоҷикаш ҷараён дорад, хабар медиҳад шабакаи телевизионии ОНТ-и Беларус.  – Шарикон дорои заминаи иқтисодии рушдкунанда мебошанд — гардиши мол соли гузашта то 43 миллион доллари ИМА расид».

Дар ҳошияи музокироти расмии Александр Лукашенко ва Эмомалӣ Раҳмон форуми соҳибкорон доир мегардад, ки аллакай онро бузургтарин дар Осиёи Миёна дар солҳои охир меноманд.

Миёни иштирокдорон на танҳо соҳибкорони Беларус ва Тоҷикистон, инчунин аз Афғонистон, Покистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ ҳастанд. Минск муносиботи сатҳи олиро бо тамоми кишварҳои минтақа ҷонибдорӣ менамояд. Имрӯз дар муносиботи Беларусу Тоҷикистон саҳифаи нав боз хоҳад шуд. Дар Душанбе намоиши миллии Баларус доир мегардад, ки дар он тақрибан 150 соҳибкор маҳсулоти хешро ба маъраз  мегузоранд.

Май 15, 2018 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд