Ширкати «Мён Сунг»-и Кореяи Ҷанубӣ дар вилояти Суғд гармхонаҳои замонавӣ бунёд менамояд
ДУШАНБЕ, 11.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати маъруфи «Мён Сунг»-и Кореяи Ҷанубӣ дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон гармхонаҳои замонавӣ бунёд менамояд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин тасмим зимни мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари ин ширкат Чон Ёнг Сун гирифта шуда, таъкид гардид, ки дар марҳилаи аввал то 10 гармхонаи замонавии муштарак сохта мешавад.
Мавриди зикр аст, ки ширкати мазкур яке аз ширкатҳои маъруфи Кореяи Ҷанубӣ ба ҳисоб рафта, бо соҳибкорони кишварҳои гуногун дар самти бунёди гармхонаҳои замонавӣ бо истифода аз технологияҳои нав ҳамкорӣ менамояд. Ин ширкат, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо усули гидропоникӣ гармхонаҳои муосирро бунёд кардааст, ки дар онҳо помидор, бодиринг ва булғорӣ истеҳсол карда мешаванд.
Зимни суҳбат Раиси вилоят иброз дошт, ки чанде қабл тоҷирону соҳибкорони вилояти Суғд ба вилояти Самарқанд сафар намуда, созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расониданд. Дар доираи ин сафар соҳибкорони вилоят аз гармхонаҳои муштарак, ки бо ҷалби мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ сохта шудаанд, боздид карда, ба фаъолияти онҳо мароқ зоҳир намуданд.
Роҳбари ширкати кореягӣ доир ба таҷрибаи хеш дар самти бунёди гармхонаҳо дар Ӯзбекистон маълумот дода, илова кард, ки бо истифода аз технологияҳои муосир бунёд намудани гармхонаҳо имкон медиҳад, ки аз як гектар то 200 тонна ҳосил рӯёнида шавад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






