ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 7 май, душанбе, 127-умин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
7 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоии бевосита бо рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки шаби 7 май ба амал омаданд, ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон сафар карданд.
***
2 сол пеш, 7 майи соли 2016 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати инсонпарваронаи хеш ба муносибати 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 ва қадршиносии ҷонфидоии бобоёну падарон дар ҷанг баҳри озодии насли оянда дар бораи расондани кумакпулии яквақтаи молиявӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги бузурги ватанӣ Амр имзо намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Созишнома дар бораи соддагардонидани тартиби тиҷорат бо Созмони умумиҷаҳонии савдоро вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон тасдиқ намуданд.
7 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Қазоқистон – Рӯзи ҳимояи Ватан.
РӮЙДОДҲО:
7 майи соли 2009 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Франсия баррасӣ гардид.
***
7 майи соли 2010 ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар бораи ифтитоҳи хатсайри нави ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Украина хабар дод.
***
7 сол қабл, 7 майи соли 2011 дар Исломобод Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистон таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Амари»-и Фаластин бо ҳам сабқат намуданд.
***
186 сол муқаддам, 7 майи соли 1832 Гретсия шоҳигарии мустақил гардид.
***
7 майи соли 1997 Ширкати Intel расман микропротсессори Pentium 2-ро муаррифӣ намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1994 дар шаҳри Ванкувери Канада ҳунарнамоии сершумортарин дар таърихи ансамбл иборат аз 1 ҳазору 322 нафар гитаранавоз баргузор гардид.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






