«Таронасози муҳаббат»-таҳти ин унвон ба ифтихори яке аз устодони мумтози шеъри лирикии тоҷик маҳфили ёдбуд доир гардид
ДУШАНБЕ, 29.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 95-солагии шоири лирик ва сарояндаи ишқ Аминҷон Шукӯҳӣ таҳти унвони «Таронасози муҳаббат» бо иштироки пайвандон, мухлисон ва аҳли илму адаб маҳфили ёдбуд баргузор гардид.
Тавре аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод зикр кард, ки ҷамъомад бо мақсади тарғибу ташвиқи осори адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас ташкил карда шудааст. «Аминҷон Шукӯҳӣ яке аз устодони мумтози шеъри лирикии тоҷик ба ҳисоб рафта, аввалин маҷмӯаи шеърҳояш «Суруди чашмасор» соли 1948 чоп шудааст, ки аз эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ошиқонаи шоири навқалам дарак медод».
Дар маҳфил ҳамчунин адибон Маъруф Бобоҷон ва Дадохони Эгамзод дар бораи хидматҳои Аминҷон Шукӯҳӣ дар рушди адабиёти тоҷик ҳарф зада, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз эҷодиёти ин шоири барҷаста шеърҳо қироат намуданд.
Зимни маҳфил писари Аминҷон Шукӯҳӣ Каримҷон Ҳоҷибоев, ки солҳои зиёд дар ИМА умр ба сар мебарад, аз хотираҳояш нақл карда, китоби «Луғати англисӣ-русӣ-тоҷикӣ» иборат аз 1000 саҳифа ва повести шоир «Об аз куҷо меояд?»-ро, ки бо забони англисӣ тарҷума шудааст, ба бахши суғдии Иттифоқи нависандагон тақдим намуд.
Бояд зикр намуд, ки Аминҷон Шукӯҳӣ баҳори соли 1923 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Хатмкардаи курси омӯзгорӣ ва соли 1955 факултаи журналистикаи мактаби олии ҳизбӣ дар шаҳри Москва аст. Вазифаҳои муовини сардабири рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳозира «Ҳақиқати Суғд»), «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият»-и кунунӣ), котиб, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 1967 то 1976 раиси кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистонро ба дӯш доштааст. «Суруди чашма», «Ватани сулҳ», «Нафаси гарм», «Кӯчабоғи ошиқон», «Чормағз», «Шаҳло ва Шифо» (бо ҳаммуаллифии Ҳилолиён Аскар), «Об аз куҷо меояд?», аз ҷумлаи осори назмиву насрии Шукӯҳиянд. Бархе асарҳои Шукӯҳӣ ба русӣ ва забонҳои дигар тарҷумаву нашр шудаанд. Чанд сол пеш повести «Об аз куҷо меояд?» дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба англисӣ баргардон шуда, аз чоп баромад.
Аз замони нашри нахустини китоби «Об аз куҷо меояд?» зиёда аз се даҳсола паси сар шудааст, вале то ҳанӯз ғояи асар, ки муҳаббати кӯдакон ба ихтироот, арзиши баланди оби нӯшокӣ, нодир будани санъати боғдориро васф месозад, аҳамияти худро гум накардааст.
Баъзе аз навиштаҳои А. Шукӯҳӣ ба забонҳои гуногун тарҷума ва чоп шудааст. Шоир инчунин осори алоҳидаи А.С.Пушкин, М.Ю.Лермонтов, О.Райнис, В.Сурков ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Шоир барандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1965) буда, бо ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва «Нишони фахрӣ» мукофотонида шудааст.








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






