Вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 17.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз намояндагони кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон таҳти роҳбарии раиси кумитаи мазкур Лутфия Раҷабова бо кормандони масъули Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус Албина Давидович ва Светлана Кобачевская мулоқот намуданд.
Тавре аз Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистону Беларус ва робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зикр гардид, ки Маҷлиси намояндагон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Беларус, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба воя расонидани кадрҳои соҳибмаърифат ва донишманду баландихтисос, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас ва омода кардани неруи нави бунёдкор танҳо дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маорифро 2,3 баробар зиёд карда, аз 1 сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаи маорифро 15 дарсади дигар баланд мебардорад.
Гуфта шуд, ки танҳо соли 2017 дар ҳудуди кишвар ба маблағи умумии беш аз 430 миллион сомонӣ 130 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои тақрибан 31 ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуданд.








Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






