Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллӣ беш аз 1000 адад китоб тақдим намуд

Май 23, 2018 11:46

ДУШАНБЕ, 23.05.2018./АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дар арафаи Рӯзи  ҷавонони Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон   бо гурӯҳи ҷавонони «Авангард», курсантони Академияи ВКД ҶТ   ва ҷавонони фаъоли кишвар вохӯрӣ доир намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ хабар доданд.

Мулоқоти мазкур дар партави суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки рӯзи 12 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, гузаронида шуд.

Сараввал директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода   ҳозиринро  бо бинои нави Китобхонаи миллӣ, имконияту зарфиятҳо, теъдоди китобҳо, толорҳои хониш ва толорҳои конфронсу маҷлисҳо шинос кард.

Дар мулоқот Рамазон Раҳимзода аз гаравиши ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои гуногуни ифротӣ, паҳн шудани нашъамандиву бемориҳои гуногуни сироятӣ, роҳҳои гумроҳ гардидани ҷавонон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ намуда,  иброз дошт, ки ҷавонону наврасони мо, ки ояндаи Тоҷикистон ҳастанд, бояд саломатии худро эҳтиёт намоянд, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, дар пайи омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар бошанд. Вай гуфт, ки ҷомеаи кишвар ба шахсони босаводу донишманд ниёз дорад.

Вазири  корҳои дохилии Тоҷикистон як сабаби гаравидани ҷавонон ба созмонҳои ифротиро  ноогоҳии онҳо, надоштани донишу ҷаҳонбини  комил донист. Вай гуфт, ки агар ҷавонон соҳиби фазлу дошиш бошанд, ба хубӣ пай мебаранд, ки ҷойю мақоми онҳо на дар сафи ифротиҳо, балки  дар ҷабҳаи ободию созандагии   Ватани азизамон аст.

Дар идомаи мулоқот Вазири корҳои дохилӣ доир ба паҳлӯҳои гуногуни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, муҳтавои онро ба ҷавонон шарҳу эзоҳ дод. Зикр гардид, ки  суханронии Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеа барои ҳар як шаҳрванди ин сарзамин дастуру роҳнамо барои ояндаи неку босаодат  аст.

Дар фарҷом   Рамазон Раҳимзода аз осорхонаи   ва толори намоиши  адабиётҳои Китобхонаи миллӣ  дидан намуд ва ба махзани ин боргоҳи бузурги илму маърифат зиёда аз 1000 адад китобҳои илмӣ, бадеӣ,  таълимӣ ва методӣ тақдим намуд.

Май 23, 2018 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд