Вазирони нақлиёти кишварҳои СҲИ дар маросими ифтитоҳи бандари баҳрии Туркменбошӣ иштирок менамоянд

Май 2, 2018 14:50

 ДУШАНБЕ, 02.05.2018/АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 3 май дар шаҳри Туркменбошии Туркманистон вохӯрии вазирони нақлиёти кишварҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ /СҲИ — ЭКО/ баргузор мегардад, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода намояндагӣ мекунад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати робитаҳои  байналмилалии Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Фарида Ёқубзода  иттилоъ дод,  дар машварати вазирони нақлиёти кишварҳои СҲИ масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории нақлиётии  кишварҳои узви  ин Созмон, бахусус ҳамкорӣ дар бахши нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, инчунин масъалаҳои марбут ба рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ матраҳ мегарданд.

Интизор меравад, ки вазирони нақлиёти кишварҳои СҲИ ҳамзамон дар маросими ифтитоҳи бандари баҳрии байналмилалии Туркменбошӣ дар баҳри Хазар ва дар ҳамоиши байналмилалии «Шоҳроҳи бузурги Абрешим — марзҳои нави рушд», ки дар минтақаи миллии сайёҳии «Овоза» доир мегардад, ширкат намоянд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳамоиши байналмилалӣ маҷмӯи  масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории  мутақобилан судманди кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои аъзои СҲИ дар бахши нақлиёт ва логистика тавассути истифодаи самараноки иқтидори бандарҳо, эҳёи ҳамкории сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ ва соири масоили марбут ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ баррасӣ мегарданд. Дар доираи баргузории ҳамоиши байналмилалӣ ҳамзамон намоишгоҳ вобаста ба мавзӯъ ва муҳтавои ҳамоиш дар назар дошта шудааст.

 

Май 2, 2018 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад