Вохӯрии якҷояи ҳайатҳои вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд
ДУШАНБЕ, 23.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Тошканд дар доираи ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории ҳамоҳангсози Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон вохӯрии якҷояи ҳайати вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрии мазкур ҳайати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва сардорони як қатор раёсатҳо ва ҷузъу томҳо намояндагӣ карданд.
Ҷаласаро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Пулод Бобоҷонов ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки мардумони тоҷик ва ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯсту бародари қарин буда, дорои фарҳанги бою ғании ба ҳам наздик мебошанд. Боиси хурсандист, ки ҳамкории мутақобилан судманди ду вазорат боз ҳам тақвият ёфта, дар ин замина ба натиҷаҳои назаррас ноил хоҳем гашт.
Дар навбати худ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода изҳор дошт, ки мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз густариш ёфтани ҳамкории судманди дуҷониба дар самтҳои фарогир, аз ҷумла, мубориза бо ҷинояткорӣ, хатарҳои ҷаҳони имрӯз, мубодилаи таҷриба вобаста ба масъалаҳои наздисарҳадӣ қаноатманд мебошад. Дар ҷараёни вохӯрӣ нахуст ҳисоботи роҳбарони ҷузъу томҳои дахдори ҳар ду ҷониб оид ба амалисозии Созишномаҳои қаблан ба имзорасида шунида шуда, ҳамчунин сатҳи ҳамкорӣ байни мақомотҳои корҳои дохилии наздисарҳадии ду давлат ва дар самти таъмини бехатарии роҳҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.









Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






