Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бештар аз пештар тақвият меёбанд

Июнь 13, 2018 16:52

ДУШАНБЕ, 13.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати  Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии раиси Хадамоти мазкур Ихтиёр Абдуллоев нимаи дуюми имрӯз, баъд аз анҷоми сафари корӣ ба Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи сарҳадӣ дар вилояти Суғд, ба шаҳри Тошканд баргашт.

Зимни сафари корӣ мулоқоти роҳбарони хадамоти амниятии ду кишвари ҳамсарҳад – Тоҷикистону Ӯзбекистон дар фазои дӯстӣ, ҳамгироии самимонаву созанда ва судманд баргузор гардид. Ҳайатҳои кории ҳар ду ҷониб дар мавзӯъҳои мубориза ба муқобили терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, тиҷорати ғайриқонунии аслиҳа мубодилаи афкор намуда, тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои муштарак алайҳи ташкилоту гурӯҳҳои террористии мушаххас ва мубодилаи иттилоотро дар ин самт муҳиму зарур донистанд.

Натиҷаи муҳимтарини сафари кории меҳмонон аз Ӯзбекистон ба имзорасии Созишнома оид ба ҳамкории мутақобилаи судманд миёни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Созишномаи мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон раиси КДАМ ҶТ Саймумин Ятимов ва аз ҷониби Ӯзбекистон раиси ХБД ҶӮ Ихтиёр Абдуллоев ба имзо расониданд.

Бо ба имзо расидани Созишномаи мазкур имкониятҳо ҷиҳати табодули маълумот оид ба аъзо ва фаъолияти тахрибкоронаи созмону ташкилотҳои террористӣ-экстремистии мушаххас ва баргузор намудани амалиёти муштарак алайҳи онҳо имконпазир мегардад.

Мавриди зикр аст, ки рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон сурат гирифт ва дар пасманзари он сафари таърихӣ муносибатҳои ду давлати дӯсту бародар, ҳамдин ва ҳамсарҳад дар ҳама бахшҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ бо сифати олӣ дар сатҳи баланд қарор дода шуданд. Дар ин замина, робитаҳо миёни сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амнияту тартиботи ҷамъиятӣ низ босуръат тақвият ёфтанд. Баргузор шудани сафари кории раиси КДАМ ҶТ Саймумин Ятимов ва ҳайати расмии Кумитаи мазкур ба Тошканд, ки бо даъвати ҷониби Ӯзбекистон моҳи майи соли 2018 сурат гирифт, намунаи рушд ёфтани ҳамкориҳо миёни мақомоти қудратии ду мамлакат мебошад. Робитаҳо ва ҳамкории судманди хадамоти махсуси Тоҷикистону Ӯзбекистон минбаъд низ густариш дода мешавад. Аз ҷумла, дар назар дошта шудааст, ки ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии махсус алайҳи терроризми байналмилалӣ, ки моҳҳои оянда дар Тошканд гузаронида мешавад, фаъолона иштирок хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки зимни мулоқоти дар Душанбе баргузоргардида, роҳбарони хадамоти махсуси ду мамлакат таъкид карданд, ки дар мубориза ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ бо қатъият аз мавқеи яксон баромад мекунанд.

Зимни сафари корӣ ҳайати ХБД Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз наздик шинос шуданд. Ба меҳмонон ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар пешдарғот, нақби обпарто, толори мошинҳо нишон дода шуданд. Мавриди зикр аст, ки даҳҳо адад мошинҳои пуриқтидор ва босифати истеҳсоли Ӯзбекистон дар ҷараёни сангшиканӣ ва борбарӣ дар иншооти сохтмонии НБО «Роғун» фаровон истифода бурда мешаванд. Барои меҳмонон дидани мошинҳои истеҳсоли Ӯзбекистон дар сохтмони иншооти бузург воқеан ҳам хотирнишин ва хурсандиовар буд.

Боздиди ҳайати расмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шаҳодати ҳавасманд будани Ӯзбекистон ба бунёди иншооти гидроэнергетикӣ мебошад, зеро истифодаи оқилона ва одилонаи захираҳои обӣ метавонанд ба ҳалли масъалаҳои обӣ-энергетикӣ ба таври созанда мусоидат кунанд.

Ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҳошияи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалӣ низ қобили зикр буда, беш аз пеш тақвият ммеёбанд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июнь 13, 2018 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд