Бо «Сомон Эйр» ва ФФТ- ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол!
ДУШАНБЕ, 12.06.2018/АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳамдастӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол- 2018, ки аз 14 июн то 15 июл дар шаҳрҳои Федератсияи Россия баргузор мегардад, иқдоми нав роҳандозӣ менамояд.
Дар робита ба ин, «Сомон Эйр» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ҳаводорони футбол, ки дар бозиҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазон ва Сочи азми иштирок кардан доранд, пешниҳоди махсус омода намуданд, ки фарогири чиптаи парвоз ва чиптаи бозӣ мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сухангӯи ширкати ҳавонавардии «Сомон Эйр» Темур Бандишоев иттилоъ дод.
Бинобар иттилои манбаъ, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба ду нафар мусофир, ки аввалин шуда, ба хатсайри Душанбе — Санкт-Петербург барои рӯзи 14 июн аз хазинаи чиптафурӯшии ширкат, воқеъ дар шаҳри Душанбе, к. Мастонгулов, 40 чиптаи бизнес-класс мехаранд, ду чиптаи бозии дастаҳои Россия-Мисрро, ки 19 июн дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мегардад, тақдим менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соли дуюм аст, ки бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ барои соли 2018 моҳи феврали соли равон ба тасвиб расид.
Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ташкилотҳои гуногуни варзишии ҷумҳуриро дастгирӣ намуда, дар баргузории чорабиниҳои варзишии сатҳи маҳаллӣ ва байналмилалӣ ба ҳайси шарики лоиҳа иштирок намудааст.
Ширкати ҳавопаймоӣ саъй менамояд, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди варзиши ватанӣ саҳми босазо гузорад.
«Сомон Эйр, ки аз моҳи сентябри соли 2017 узви комилҳуқуқи Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (ИАТА) мебошад, парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Туркия, Россия ва Қазоқистон муваффақона анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737 – 300, -800 ва -900 иборат мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






