Боришоти зиёд сабаби сар задани сел дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ гардид

Июнь 11, 2018 11:54

ДУШАНБЕ, 11.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 9 июн  боришоти зиёд  дар   шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ  сабаби  сар задани  сел гардиданд. Чунин ҳолат бештар дар  километри 332 то 335  — уми роҳ  (байни ноҳияҳои  Б.Ғафуров ва Мастчоҳ)    ба вуқӯъ омада,  офати табиӣ   баъзе аз канораҳои роҳи мазкурро хароб кард. Айни ҳол ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи мазкур таъмин аст.

Тавре аз маркази матбуоти  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намояндагони ин ширкат  бо мақсади бартараф намудани  оқибатҳои ин офати табиӣ ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳи мазкур тадбирҳои  фаврию зарурӣ андешида, маҷрои селро   пешгирӣ карданд. 

“Ҳатто шабона низ кормандони филиали Ширкат баҳри бартараф намудани монеаҳои мавҷуда камари ҳиммат баста, ба бартараф намудани оқибати ин офати табиӣ машғуланд”, -афзуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки роҳи Душанбе–Чаноқ аз минтақаи релефаш душвори кӯҳистон гузашта, дар муқоиса бо дигар роҳҳои  мамлакат аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла, тармафароӣ, лағжидани кӯҳпора, сангфароӣ ва омадани сел зиёдтар осебпазир аст.

Филиали Ширкати саҳҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи  ронандагон ва мусофирон хоҳиш менамояд, ки махсусан дар рӯзҳои боронӣ бояд дучанд эҳтиёт кунанд. Ронандагон  пеш аз  баромадан ба сафар  мошинҳои  худро пурра аз назорати техникӣ гузаронда, ҳангоми ҳаракат дар роҳ ба қоидаҳои бехатарӣ риоя намоянд ва ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Мутаассифона,   бо вуҷуди ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ як идда ронандагон бе омодагӣ (аз ҷиҳати техникӣ комил набудани воситаи нақлиёт ва ғайра) ба роҳ мебароянд. Дар натиҷа чунин ронандагон дар роҳ ба мушкилӣ мувоҷеҳ гардида, барои ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт  монеа эҷод менамоянд.

Филиали Ширкат  аз ронандагоне, ки    тариқи роҳи  мошингарди Душанбе—Чаноқ  ба сафар мебароянд, хоҳиш менамояд, ки  тавсияҳои ниҳодҳои дахлдорро    (дар ҳолати хуб қарор доштани воситаҳои нақлиёт, аломати исти садамавӣ ва ғайра)  дар мадди назар дошта,  бидуни омодагии ҷиддӣ ба   сафар набароянд.

Дар сурати дучор гардидан ба  мушкилот дар роҳи мазкур  ронандагон метавонанд бо хати доимии  филиали Ширкат, ки  бо шумораи   487011020 фаъол аст, муроҷиат намоянд.   Аз ҷониби кормандони Ширкат  тамоми муроҷиатҳо қабул ва дар ин замина мавриди  тадбирандешӣ  қарор  мегиранд.

 

Июнь 11, 2018 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд