Чемпионати ҷаҳон- 2018: ба Далер Кузяев мухлисӣ мекунем!

Июнь 6, 2018 17:10

ДУШАНБЕ, 06.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. То оғози бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар Россия  8 рӯзи дигар боқӣ монд. Шореҳи футболи АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ шарҳи худро дар бораи Чемпионати ҷаҳон дар Россия идома медиҳад

14 июни соли 2018. Варзишгоҳии Лужникии шаҳри Москва. Дастаҳои мунтахаби Россия ва Арабистони Саудӣ дар бозии ифтитоҳии Чемпионати ҷаҳони соли 2018 вориди сабқат мешаванд. Баъди он, ки сармураббии дастаи мунтахаби  Россия Станислав Черчесов ҳайати васеи дастаи мунтахаби Россияро эълон кард, дар ин миён як нафар бозингари ҷавону соҳибистеъдод, ки решааш ба Тоҷикистон пайвандӣ дорад,  ба ҳайат ҳамроҳ шуд. Шинос мешавем: Далер Кузяев.

Далер 15 январи соли 1993 дар шаҳри Набережние Челни дар оилаи футболбозоне ба дунё омадааст, ки пештар дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд. Бобояш дар ҳайати дастаи «Энергетик»-и Душанбе солҳои 60-ум ҳунарнамоӣ кардааст. Падараш ҳоло дар шаҳри Санкт-Петербург ба ҳайси мураббӣ фаъолият мекунад. Далер Кузяев нимҳимоятгар аст. Дастпарвари КФ «Зенит». Дар ҳайати дастаҳои «Карелия»,  «Нефтехимик» ва «Терек» бозӣ карда, соли гузашта ба ҳайати дастаи «Зенит» пайваст. Дар 23 вохӯрии мавсим  дар ҳайати ин даста ба майдон омада, муаллифи 6 тӯб гардид.

Ҳафтаномаи машҳури «Футбол» Далерро беҳтарин бозингари  мавсими соли гузаштаи Россия номбар кардааст. Рашид Раҳимов, ки бо ин футболбоз дар дастаи «Терек» ҳамкорӣ дошт, афзудааст, ки Далер дар байни ҳамсолони худ аз беҳтаринҳост ва сире дар ӯ ниҳон аст, ки метавонад ба шарофати он чун як футболбози номӣ сабзида расад.

Решаҳои иҷтимоию аслии  Далер Кузяевро ба инобат гирифта, ӯро ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даъват карданд, вале ин бозингар даъвати Россияро қабул кард ва аз соли 2017 дар 6 вохӯрии дастаи мунтахаби  Россия иштирок намуд.

Имсол барои Далер соли ниҳоят муҳиму санҷишӣ хоҳад буд. Дар сурати истеъдоди баланд иншон додан дар Чемпионати ҷаҳон  ӯ метавонад ба ҳайати клубҳои қудратманди Аврупо  даъват шавад. Дар ин ҷода мо ба ӯ комёбӣ мехоҳем.

Бармегардем ба бозии рақами 1-ми Ҷоми ҷаҳон-2018. Дастаи мунтахаби Россия ҳамчун мизбони мусобиқот бе ширкат  дар бозиҳои интихобӣ ҳуқуқи иштирок пайдо кард. Аммо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ барои он ки ба бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирад, роҳи душвори бозиҳоро паси сар намуд.

Марҳалаи гузариш барои осиёиҳо хеле душвор омад. Сараввал дар бозиҳои марҳалаи дуввум дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Амороти Мутаҳидаи Араб, Фаластин, Малайзия ва Тимори Шарқӣ муборизаро оғоз кард. Дар ин росто футболбозони Арабистони Саудӣ бар дастаи мунтахаби Фаластин бо натиҷаи 3:2 ғалаба карда дар вохӯрии ҷавобӣ натиҷаи мусовии 0:0-ро бар ҷой гузоштанд. Тимори Шарқиро бо ҳисоби калони 7:0 ва 10:0, Малайзияро  3:0 ва 2:0 ба шикаст рӯ ба рӯ карда бо дастаи мунтахаби Амороти Мутаҳидаи Араб, ки аз беҳтаринҳо дар ин гурӯҳ ба ҳисоб мерафт, дар майдонаш бо натиҷаи 2:1 дастболо гардиданду дар бозии ҷавобӣ дар Дубай нишондоди 1:1-ро нишон доданд.  Дар маҷмӯъ дастаи мунтахаби Арабистони саудӣ дар 8 вохӯрӣ пирӯзи ба даст оварда ҳамагӣ ду бозиро мусовӣ анҷом дод ва ба дарвозаи ҳарифон 28 тӯб зада аз дарвозааш 4 тӯб гирифт.

Гурӯҳи  А

 

N  Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1 Арабистони Саудӣ 8 6 2 0 28-4 20
2  АМА 8 5 2 1 25-4 17
3  ФАЛАСТИН 8 3 3 2 22-6 12
4  МАЛАЙЗИЯ 8 1 1 6 3-30 4
5  ТИМОРИ ШАРҚӢ 8 0 2 6 2-36 2

 

Дар марҳалаи сеюми рақобатҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ бо дастаҳои пурқувват ба гурӯҳи Б шомил шуд. Ин ягона гурӯҳе дар Осиё мебошад, ки бори аввал дар таърихи футбол се дастаро дар бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Ба ғайр аз дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ, Япония ва Австралия ҳам ба ин гурӯҳ шомил буданд ва дар бозиҳои финалӣ ширкат меварзанд.

Дар ин марҳалаи сеюм дастаи мунтахаби Амороти Мутаҳидаи Араб дар натиҷаи қуръакашӣ боз бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ ба як гурӯҳ ҳамроҳ шуд. Ба ғайр аз Австралия ва Япония дастаҳои мунтахаби Таиланд ва Ироқ ҳам барои ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат гирифтан шомили ин гурӯҳ шуданд. Дар силсилаи ин дидорҳо барои футболбозони дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Австралия душвор омад.  Дар бозии хонагиашон натиҷаи 2:2 ҳосил шуд ва дар бозии баргашт австралиягиҳо бо нишондоди 3 :2 ғалаба карданд.

Дигар вохӯриҳо чунин натиҷа доданд:

Арабистони Саудӣ-Таиланд 1:0,

Таиланд-Арабистони Саудӣ 0:3,

Арабистони Саудӣ- АМА 3:0,

АМА — Арабистони Саудӣ 2:1,

Арабистони Саудӣ – Япония 1:0,

Япония — Арабистони Саудӣ 2:1

гкрӯҳи В.

 

N  Дасатҳо Б Ғ М Б Т/т И
1  ЯПОНИЯ 10 6 2 2 17-7 20
2  АРАБИСТОНИ САУДӢ 10 6 1 3 17-10 19
3  АВСТРАЛИЯ 10 5 4 1 16-11 19
4  АМА 10 4 1 5 10-13 13
5  ИРОҚ 10 3 2 5 11-12 11
6  ТАИЛАНД 10 0 2 8 6-24 2

21 январи соли равон дар таърихи футболи Арабистони Саудӣ ва Ла- Лигаи Испания саҳифаи наве навишта шуд. Дар давоми якуним соат 9 бозингари дастаи мунтахаби ин кишвар бо дастаҳои Ла-Лига шартномаҳои худро ба имзо расониданд. Аз ҳам аҷиб он аст, ки тибқи қонуниятҳои Арабистони Саудӣ ягон бозингари маҳаллӣ ҳуқуқӣ ҳунарнамоиро дар хориҷи кишвар надорад. Ба таври истисно танҳо ба беҳтарин футболбози Осиё аз ин кишвар -Сами Алҷобир муяссар шудааст, ки дар чор бозии дастаи «Вулверҳемптон» соли 2000 бозӣ кунад. Албатта барои беҳбудии кор ҳама қонунҳоро дигар кардан мумкин аст. Мақсади асосии ин шартномаҳо тайёрии пухта дидани дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳони соли 2018 мебошад.

Бозингарони зерини Арабистони Саудӣ   ба таври иҷора ба дастаҳои Испания ҳамроҳ шуданд; Фаҳад Муваллад-ҳамлагар  аз дастаи «Иттиҳод» ба «Леванте»,  Яҳё Ашшаҳрӣ аз «Аннаср» ба «Леганес» дар мавқеи бозисоз, Алӣ Аннемар аз «Ашшабоб» ба «Нумансия» дар мавқеи нимҳимоятгар, Абдумаҷид Ассулайҳим аз «Ашшабоб» ба «Райо Великано», нимҳимоятгар, Абдулло Алҳамдон аз «Ашшабоб» ба клуби «Спортинг Хихон», ҳамлагар, Салим Аддавсарӣ аз «Алҳилол» ба «Виляреал» дар мақеи нимҳимоятгар, Нӯҳ Алмӯсо аз «Алфатҳ» ба «Валядолид», нимҳимоятгар, Мирвон Усмон аз «Ашшабоб» ба «Леганес»-и Б, муҳофизатагар, Ҷобир Иссо аз «Ашшбоб» ба «Виляреал»-и Б, нимҳимоятгар. Ҳамаи ин бозингарон бе ягон маблағ ба ин дастаҳо гузаштаанд ва маош ҳам намегиранд.

Футбол дар зинадагии мардум навгониҳо ворид мекунад. Аз ҷумла, дар давратҳои исломӣ. Бори аввал дар таърих ба занон дар Арабистони Саудӣ иҷозат дода шуд, ки барои тамошо ба бозии футбол дароянд. Дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ барои будубоши худ дар Россия  шаҳри Грознийро интихоб кард.

Мизбони бозиҳо -дастаи мунтахаби Россия ҳарчанд дар бозиҳои интихобӣ иштирок накарда бошад ҳам, тайёриро ба мусобиқа бо ҷидду ҷаҳди зиёд паси сар мекунад. Иштироки ин даста дар бозиҳои Ҷоми конфедератсия дар соли 2017 аз ин замир аст.

Дастаи мунтахаби Россия дар рафти қуръакашии Ҷоми Конфедератсия ба гурӯҳи «А»  бо дастаҳои мунтахаби Португалия, Мексика ва Зеландияи Нав бо ҳам омад ва аввалин вохӯриашро бо дастаи мунтахаби Зеландияи Нав баргузор намуд. Дар ин вохӯрӣ сармураббии русҳо Станисла Черчесов ба ҳайти зерин эътимод  кард. Дарвозабон: Игор Акинфеев, муҳофизатгарон Виктор Васин, Георгий Ҷикия, Фёдор Кудряшов, нимҳимоятгарон Денис Глушаков, Александр Головин, Юрий Жирков, Александр Самедов, Александр Ерохин, ҳамлагарон Дмитрий Полоз ва  Фёдор Смолов.

Дар рафти бозӣ Александр Бухаров, Дмитрий Тарасов ва Алексей Миранчук ба бозӣ ҳамроҳ шуданд. Ҳунарнамоии футболбозони рус дар ин рӯз дар бозии ифтитоҳӣ хеле ҷолибу шавқовар гузашт ва онҳо  тавонистанд бо ҳисоби 2 :0 ғалаба кунанд

Бозии ҳалкунанда барои дастаи мунтахаби Россия -ин вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Мексика ба ҳисоб мерафт, зерро чемпионҳои Аврупо — португалиҳо бо роҳбаладии Криштиан Роналдо барои футболбозони Россия душворгузар менамуданд.

Варзишгоҳи Спартак. Лаҳзаи супоридани имтиҳони ҳақиқии дастпарварони Станислав Черчесов фаро расид. Аммо онҳо аз имтиҳон нагузаштанд. Ҳарифон-португалиҳо дар ҷараёни вохӯрӣ ба  бартарии комил соҳиб буданд ва ғалаба ба онҳо арзандагӣ дошт. Криштиану Роналду дар дақиқаи 8-ум тӯбро ба дарвоза зад. Футболбозони рус дар давоми вохӯрӣ ба садди бузурги дастаи мунтахаби Португалия рӯ ба рӯ шуданд ва натавонистанд, ки ҳатто зарбаи аниқу нишонрасе ба сӯи дарвоза равон намоянд. Таъвизе, ки Черчесов ба кор бурд, он ҳам натиҷае надод. Нисбат ба бозии бо Зеландияи Нав тактикаю услуби бозии дастаи мунтахаби Россия тағйир ёфта буд, аммо Шишкин ва Камбаров ба ҷои беҳтар кардани набзи бозӣ онро коста гардониданд ва дар натиҷа мурабби онҳоро иваз кард. Бозӣ бо ҳамон як голи задаи Криштиано Роналдо ба охир расид.

Дар вохӯрии охирин дар варзишгоҳи «Казан Арена» дастаи мунтахаби Россия дар ҳузури 42 ҳазор мухлис аз дастаи мунтахаби  Мексика  низ мағлуб шуд-2:1. Дар натиҷа ин бохт дастаи мунтахаби Россияро аз идома додани мусобиқа барои Ҷоми Конфедератсия дар канор гузошт ва футболбозони рус вазифаи ба даври дигар гузаштанро ҳаллу фасл карда натавонистанд.

Дар ин давра дастаи мунтахаби Россия як қатор бозиҳои таҷрибавӣ гузаронид. Аз ҳамаи бозии натиҷааш назаррас бо дастаи мунтахаби Испания ба вуҷуд омад , ки он бо ҳисоби 3:3 ба поён расид. Дар ин давра русҳо дар вохӯриҳои таҷрибавӣ бо Эрон 1:1, бо Аргентина 0:1, бо Корея 4:2, бо Чили 1:1, бо Венгрия 3:0, бо Австрия 0:1 ва бо Туркия 1:1   натиҷа нишон доданд.

Дастаи мунтахаби Россия тарҳи бозии классикиро пеша карда, бо чор муҳофизатгар, 4 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар бозӣ мекунад ва дар Чемпионати ҷаҳон низ мо инро эҳсос хоҳем кард. Дарвозабон бечуну чаро Игор Акинфеев боқӣ мемонад. Ӯ бозингари беҳтарини даҳ соли охири Россия ба шумор меравад. Дараҷаи касбиаш хеле боло буда ба даста кӯмак расонида метавонад. Игорро дар бохти дастаи ССКА ва дастаи мунтахаби Россия гунаҳкор донистан нашояд. Ӯ тамоми имконияташро истифода мебарад, ки ба футболи кишвараш кӯмак расонад.

Аз тарафи рости хати муҳофизат пайдо шудани Марио Фернандес хати ҳимояро беҳтар мекунад. Ин бозингари бразилиягиасл солҳои тӯлонӣ мехоҳад дар дастаи мунтахаби Россия бозӣ кунад. Инак баъди гузаштани панҷ сол ӯ ҳамчун шаҳрванди Россия чунин имкониятро соҳиб шуд. Июли соли 2016 бо имзои Президенти Россия ӯ ҳаққи шаҳрвандиро ба даст овард. Аз сабабе, ки Игор Смолников  дар ин хат иштирокаш муътамад нест, Фернандеш мушкилии ин хати дифоъро ҳаллу фасл хоҳад кард.

Дар хати ҳуҷум Фёдор Смолов  дар бозиҳои охир аз худ нақши босазо мегузорад. Ҳоло дар дастаи «Краснодар» бозӣ кунад ҳам, ба дастаҳои хориҷӣ гузаштанаш аз эҳтимол дур нест.  Ӯ бо Артём Дзюба якдигарфаҳмии хуб дорад .

Сармураббии дастаи мунтахаби Россия дар вохӯрии дирӯзааш бо дастаи мунтахаби Туркия шакли бозии нав ҷорӣ кард. Се муҳофизатгар-  Сергей Игнашевич, Иля Кутепов ва Игор Смолников; чор нимҳимоятгар- Жирков, Газинский, Зобнин, Самедов;  ду нимҳимоятгари моил ба ҳуҷум-Головин, Загоев ва як нафар дар ҳуҷум-Смолов.

Шояд ин дигаргунӣ ба дастаи мунтахаби Россия дар Чемпионати ҷаҳон кумак расонад.

 

Июнь 6, 2018 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Хуҷанд» баъди ғалаба бар дастаи КМВА-и Душанбе ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқот баромад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобӣ дастаи Малайзияро мағлуб намуд
«Истиқлол» дар даври дуюми Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Сипоҳон»-и Эрон бозӣ мекунад
ФУТБОЛ. Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ бо ҳам бозӣ мекунанд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дастаи Шри-Ланкаро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо тими Шри-Ланка бозӣ менамояд
Чемпионати ҷаҳон-2024 барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба анҷом расид
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дуюмро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом дод
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Шоми имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Португалия оид ба футзал бозӣ мекунанд
ЛИГАИ ДУЮМИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. «Равшан» бозии якумро бо дастаи футболи «Моҳун Баган» доир намуд
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Равшан» дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё бозии якумашро анҷом медиҳад
«Истиқлол» дар доираи даври аввали Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Шарҷа» бозӣ мекунад