Чемпионати ҷаҳон-2018: Дастаи мунтахаби Бразилия ба Россия омад

Июнь 11, 2018 10:45

ДУШАНБЕ, 11.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. То оғози бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2018  дар Россия 3 рӯзи дигар боқӣ монд.  Шореҳи футболи АМИТ «Ховар» Аловиддин Бӯриев ба шарҳи ин мавзӯъ идома медиҳад.

Имрӯз дастаи мунтахаби Бразилия барои иштирок дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон ба Россия омад. Шаҳри Сочӣ барои истиқболи футболбозони Бразилия дар бурҷи телевизионӣ шӯълае созмон дод, ки он парчами Бразилияро дар худ таҷассум карда буд.  Дар давраи Чемпионати ҷаҳон дастаи мунтахаби Бразилия дар шаҳри Сочӣ иқомат мекунад ва 12 июн аввалин тамрини кушоди худро барои мухлисони футбол дар варзишгоҳи «Юг-спорт» баргузор менамояд.

Дастаи мунтахаби Бразилия пеш аз ба Россия омадан бо созмон додани як вохӯрии дӯстона бо дастаи мунтахаби Австрия ҳайати худро имтиҳон кард. Вохӯрӣ бо ғалабаи футболбозони Бразилия бо ҳисоби 3:0 ба поён расид. Ҳайати дастаи мунтахаби Бразилия дар ин вохӯрӣ чунин буд:

Алиссон, Данило, Тяго Силва (Маркинос, 60), Марсело (Филипе Луис, 67), Миранда, Каземиро (Фернандино, 60), Паулино, Виллиан, Коутино (Тайсон, 76), Неймар (Дуглас Коста, 84), Габриэл Жезус (Фирмино, 67).

Огоҳӣ: Шёпф, 38; Прёдл, 54 — Неймар, 63.

Муаллифи голҳо: Габриэл Жезус, 36 (0:1). Неймар, 63 (0:2). Коутино, 69 (0:3).

Бозиҳои гурӯҳии худро дастаи мунтахаби Бразилия 17 июн дар шаҳри Ростови лаби Дон бо дастаи мунтахаби Швейтсария  мегузаронад. Баъди ин дастпарварони Тите бо дастаи мунтахаби Коста-Рика (22-юми июн) ва Сербия (27 июн) қувва месанҷанд.

Дастаи мунтахаби Миср ҳам ба шаҳри Грозний ҳозир шуд

Футболбозони мисрӣ ба ҷои истиқомати худ дар давраи бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон- шаҳри Грозний расиданд. Муҳаммад Салоҳ бо мухлисони шаҳри Грозний ва сарвари он Рамзан Қодиров вохӯрӣ барпо кард.

Дастаи мунтахаби Миср баробари ба Россия ҳозир шуданаш тамрини кушоди худро дар варзишгоҳи «Ахмат Арена»-и шаҳри Грозний ба роҳ монд. Барои дастгирии мисриҳо  роҳбари Ҷумҳурии Чеченистон Рамзан Қодиров ба варзишгоҳ ҳозир шуда, онҳоро пазироӣ кард.

Ситораи футболи Миср Муҳаммад Салоҳ дар машқи дастаи мунтахаб иштирок надошт, аммо баъди шунидани он, ки дар варзишгоҳ мухлисони зиёде барои дастгирии футболбозони Миср ҳозир шудаанд, ба варзишгоҳ омад ва ба мухлисон изҳори ташаккур намуд.

Дар тамрини дастаи мунтахаби Миср аз ҳама футболбози аз нигоҳи сол бузург дар Чемпионати ҷаҳони соли 2018 дар Россия -Эссам Алхаддурӣ, дарвозабони дастаи мунтахаби Миср иштирок кард.

Дастаи мунтахаби Миср 19 июн дар варзишгоҳи  «Санкт-Петербург» бо дастаи мунтахаби Россия бозии аввалини худро барпо менамояд. Боварӣ ҳаст, ки Муҳаммад Салоҳ дар бозиҳои ин даста иштирок карда, хотири мухлисонашро шод мегардонад.

Июнь 11, 2018 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод
Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 март доир мешаванд
ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад