Чемпионати ҷаҳон-2018: Гурӯҳи «G». Белгия ҳам орзу дорад чемпиони ҷаҳон шавад

Июнь 2, 2018 09:57

ДУШАНБЕ,  2.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. То оғози бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар Россия  12 рӯзи дигар боқӣ монд. Шиносоиро бо дастаҳои иштирокдори бозиҳои финалии Ҷоми ҷаҳон-2018 идома медиҳем. Имрӯз дастаҳо аз  гурӯҳи «G» — Белгия, Англия, Панама ва Тунис меҳмони мову шумоянд. Шореҳи варзиш Аловиддин Бӯриев шарҳ медиҳад

Шиносоӣ бо дастаҳои мунтахабе, ки дар Чемпионати ҷаҳон дар Россия иштирок мекунанд, қариб ба анҷом мерасад. Мақсади асосии мо ҳам ин аст, ки то оғози Чемпионати ҷаҳон шумо аз корномаи дастаҳову тақсими гурӯҳҳо маълумот дошта бошед. Имрӯз мо дар бораи дастаҳои мунтахабе ҳарф мезанем, ки ба гурӯҳи «G» шомиланд. Белгия, Панама, Тунис ва Англия. Чун футбол дар кишварҳои Аврупо пешрафта аст, мутахассисони ришатаи футбол дар ин гурӯҳ низ бартариро ба намояндагони Аврупо –Англия ва Белгия медиҳанд.   Чунин гумон меравад, ки Тунис ва Панама танҳо дар бозиҳои байниҳамдигарӣ метавонанд ба гирифтани холҳои аввалин муваффақ шаванд. Оё чунин аст?

Дастаи мунтахаби Белгия

Дастаи мунтахаби Белгия аз сабади якум ҳамчун садрнишин ба ин гурӯҳ омадааст  ва сабаби дар гурӯҳ аввалин буданаш ҳам ҳамин аст. Белгия ширкати худро дар чемпионатҳои ҷаҳон  аз чемпионати аввал, аз соли 1930 оғоз кард. Имрӯз дастаи мунтахаби Белгия дар радабандии футбол ҷаҳон дар зинаи панҷум қарор дорад.

Белгиягиҳо  11маротиба дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон иштирок карда, 41 бозӣ гузаронидаанд, ки 14- тои он бо пирӯзӣ ҷамъбаст шудаасту  9 мусовӣ ва 18 бохт онҳоро ҳамроҳӣ мекунад. Танҳо соли 1986 ба футболбозони дастаи мунтахаби Белгия муяссар шуд, ки дар Мексика сазовори мақоми чорум шаванд. Он вақт дастаи мунтахби Белгия дар бозии ҳаштякфиналӣ дастаи мунтазхаби Иттиҳоди Шӯравиро бо натиҷаи 4 :3 дар вақти иловагӣ мағлуб намуд. Вақти асосии бозӣ бо натиҷаи 2 бар 2 ба анҷом расид. Аз дастаи мунтахаби Белгия Энсо Шифо ва Ян Кулеманс ба ду голи задаи Игор Беланов ҷавоб гардониданд. Дар вақти иловагӣ Демол ва Класен ду гол заданду Игор Беланов як голи дигар ва Белгия ба бозии ¼-финалӣ баромад.

Дар вохӯрии навбатӣ  ҳарифи дастаи мунтахаби Белгия дастаи мунтахаби Испания гардид.  Ин вохӯрӣ низ бо натиҷаи мусовии 1:1 ба охир расид. Дар задани зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ Белгия бо натиҷаи 5 бар 4 пирӯз шуд ва ба финал роҳхат гирифт. Он ҷо футболбозони Белгияро Диего Армандо Марадона интизор буд ва маҳз Марадона бо ду голи задааш дар дақиқаи 61 –ум ва 63-юм Белгияро аз мубориза барои ҷом яксӯ гузошт ва белгиягиҳо дар мубориза барои ҷои сеюм аз дастаи мунтахаби Франсия бо ҳисоби 4:2 дар қисмҳои иловагӣ мағлуб шуданд. Ин ягона дастоварди намоёни дастаи мунтахаби  Белгия дар Чемпионатҳои ҷаҳон мебошад.

Дар Чемпионати Аврупо як маротиба соли 1972 барандаи медалҳои биринҷӣ гардидааст.

Боз як корномаи намоён дар сафҳаи таърихи датсаи мунтахаби Белгия сабт шудааст. Онҳо дар оғози асри гузашта , аниқтараш соли 1920 чемпиони Бозиҳои олипӣ гардидаанд.

Дар бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳони соли 2018 дастаи мунтахаби Белгия якҷоя бо дастаҳои мунтахаби Юнон, Босния ва Герсоговина, Эстония , Кипр ва Гибралтар ба гурӯҳи Аш шомил буд ва бо касби 28 имтиёз соҳиби ҷои аввал гардид. Футболбозони ин даста аз  10 вохӯрии гурӯҳи дар 9 тоаш ғолиб омада як мусовӣ карданд ва ягон бозиро набохтаанд.

Имрӯз дар сафи дастаи мунтахаби Белгия беҳтарин ситораҳои футболи ҷаҳон, аз қабили Тибо Куртуа аз дастаи «Челси», Мирван Фелаинӣ аз «Манчестер Юнайтед», Кевин де Брюйне аз дастаи «Манчестер Сити», Муссо Дембеле аз дастсаи «Тотенҳем», Ромелу Лукаку аз «Манчестер Юнайтед», Дрис Мертенс аз «Наполӣ», Миши Батшуайи аз «Челси» ва дигаронро номбар кардан мумкин аст, ки бори душвори дастаро ба пеш мекашанд ва шояд ин ситораҳо дар соли 2018 як таҳавулотеро дар Чемпионати ҷаҳон ба вуҷуд оранд.

 

Сармураббии даста Роберто Мартинеси испанӣ ба ин бозингарон эътимод дорад ва бо умед нигоҳ мекунад, ки унвони чемпиониро ба Белгия баранд.  Албатта бо ин ҳайате, ки дастаи мунтахаби Белгия дорад, чемпион шуданаш аз эҳтимол дур нест. Агар каме бахт барояшон кӯмак кунад, мо чемпиони нави ҷаҳонро дар симои онҳо хоҳем дид.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби Белгия

Дарвозабонҳо: Кун Кастелс («Волфсбург»), Тибо Куртуа («Челси»), Симон Миноле («Ливерпул»), Матс Зелс «Андерлехт»);

Муҳофизатгарон:  Тоби Алдервейрелд («Тоттенҳэм»), Дедрик Боята («Манчестер Сити»), Лоран Симан («Лос-Анджелес Гэлакси»), Леандер Дендонкер («Андерлехт»), Кристиан Кабаселе («Уотфорд»), Венсан Компани («Манчестер Сити»), Джордан Лукаку («Латсио»), Тома Мене («ПСЖ»), Томас Вермален («Барселона»), Ян Вертонген («Тоттенҳэм Нимҳимоятгарон:Янник Феррейра-Карраско («Далян Ифан»), Насер Шадли («Вест Бромвич»), Кевин Де Брейне («Манчестер Сити»), Муса Дембеле («Тоттенҳэм»), Маруан Феллаини («Манчестер Юнайтед»), Эден Азар («Челси»), Торган Азар («Боруссия» Менхенгладбах), Аднан Янузай («Реал Соседад»), Юри Тилеманс («Монако»), Аксел Витсел («Тянсзинь Сюансзян»);

Ҳамлагарон:   Миши Батшуайи («Челси»), Кристиан Бентеке («Кристал Пэлас»), Ромелу Лукаку («Манчестер Юнайтед»), Дрис Мертенс («Наполи»).

 Дастаи мунтахаби Англия

Эҳёгарони бозии футбол ва ё худ офаридагони ин намуди варзиш- Англия ҳамагӣ як маротиба унвони чемпиони ҷаҳонро ҳанӯз соли 1966 ба даст овардааст. Дар вохӯрии ниҳои онҳо бо ҳисоби 4:2 дастаи мутнахаби Германияро мағлуб карда буданд. Дигар ба онҳо муяссар намегардад, ки дар бозии офаридаи худ ғолиб бароянд. Имрӯз дигарон  футболро хубтар мебозанду чемпион мешаванд, Англия бошад аз бозии онҳо танҳо лаззат мебарад.

Премер Лигаи Англия дар меъёргузории  дараҷаи футболи ҷаҳон  аз ҳама боло меистад ва клубҳои Англия низ. Беҳтарин ситораҳои футболро харидорӣ мекунанду аммо ба мақсади асосии худ, чемпиони ҷаҳон шудан дигарбора намерасанд. Дар таърихи худ дастаи мунтахаби Англия ҳамагӣ ду маротиба дар Чемпионати Аврупо соҳиби ҷоизаи сеюм шудааст, ки он ҳам ба солҳои 1968 ва 1996 рост меояд.  Дар Чемпионати ҷаҳони соли 1990 мақоми 4-умро касб кардаву дар Чемпионатҳои солҳои 2002 ва 2006 то ба марҳалаи чорякниҳоӣ расидааст.

Дастаи мунтахаби Англия соли гузашта дар бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон аз қитъаи Аврупо дар як гурӯҳ бо дастаҳои мунтахаби Словакия , Шотландия, Словения, Литва ва Малта ҳузур дошт ва бо ҳашт ғалабаву ду мусовӣ аз ҳама пеш гузашт ва бо касби 26 имтиёз садрнишин шуд. Кадом мухлиси футбол Гари Кейхилро аз «Челси», Джо Хартро аз «Вест Хем», Эшли янгро аз «Манчестер Юнайтед», Джон Стоунзро аз «Манчестер Сити», Джейми Вардиро аз «Лестер», Маркус Решфордро аз «Манчестер Юнайтед» намешиносад. Бале, ҳама мешиносанду ба бозинагарони хуб буданашон шубҳае надоранд. Аммо дар майдонҳои футбол дар ин гурӯҳ дигар бозингароне, ҳастанд, ки эътиборашон бештар аст. Дастаи мунтахаби Англия ва Белгия мудаии асосии гузариш ба даври мибаъда мебошанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Англия

Дарвозабонҳо:Ҷордан Пикфорд («Эвертон»), Ҷек Батленд («Сток Сити»), Ник Поуп («Бернли»);

Муҳофизатгарон:  Трент Александр-Арнолд («Ливерпул»), Киран Триппер, Дэнни Роуз (ҳар ду аз «Тоттенхэм»), Харри Магуайер («Лестер»), Фил Ҷонс («Манчестер Юнайтед»), Ҷон Стоунс, Кайл Уолкер (ҳар ду аз «Манчестер Сити»), Гэри Кэйхилл («Челси»);

Нимҳимоятгарон: Ҷордан Ҳендерсон («Ливерпул»), Эрик Дайер, Деле Аллӣ (ҳар ду аз «Тоттенхэм»), Ҷессе Лингард, Эшли Янг (ҳар ду аз  «Манчестер Юнайтед»), Фабиан Делф («Манчестер Сити»), Рубен Лофтус-Чик («Челси»);

Ҳамлагарон:  Раҳим Стерлинг («Манчестер Сити»), Ҷейми Варди («Лестер»), Гарри Кейн («Тоттенҳэм»), Маркус Рэшфорд («Манчестер Юнайтед»), Дэнни Уэлбек («Арсенал»).

 Дастаи мунтахаби Панама

Баъди он ки дастаи мунтахаби Панама бори аввал дар таърихи худ ба бозиҳои финалии Чемпионгати ҷаҳон роҳхат гирифт, Президенти ин кишвар 11 октябри соли 2017-ро  рӯзи иди миллӣ дар Панама эълон кард. Ин беҳуда нест. То соли 2018 ба дастаи мунтахаби футболи ин кишвар муяссар нашудааст, ки боре ба мусобиқоти финалӣ равад.

Дастаи мунтахаби Панама ҳамеша дар бозиҳои Ҷоми тилоии КОНКАКАФ ширкат менамояд ва соли 2005 ва 2013 ба гирифтани мақоми дуввум сазовор гардидааст. Ҷои сеюмро соли 2015 ба даст овардаву соли 2017 то марҳалаи чорякниҳоӣ расида. Бозингаронаш дар дастаҳои машҳуру намоён бозӣ намекунанд. Вақте ки рӯйхати бозингаронашро аз назар гузаронидем, дар байнашон Рикардо Кларкро аз дастаи «Боавишта»-и  Португалия пайдо кардему Исмаил Диасро аз дастаи «Порту». Боз нафароне ҳастанд, ки намояндагиро аз дастаҳои «Лозанна», «Ню Йорк сити», «Торонто» доранд.

Дастаи мунтахаби Панама дар минтақаи КОНКАКАФ  дар қатори дастаҳои Мексика ва  Коста Рика ба бозиҳои финалӣ роҳ ёфт.

Дар ин давра ин даста 10 вохӯрӣ гузаронида дар 3 бозӣ ғалаба ба даст овард ва чор вохӯриро мусовӣ анҷом дод, дар се вохӯрии дигар ба мағлубият дучор шуд. 14 гол зада аз дарвозааш 8 тӯб берун овард.

Аз ҳама аҷиб он аст, ки дар вохӯри бо дастаи мунтахаби Коста Рика довар голеро ба ҳисоб гирифт, ки он вориди дарвоза нагашта буд. Довар аз Гондурас Валтер Лопес Рамос баъди зарбаи Габриэл Лопес  ба чунин қарор омад.

Панама ҳамагӣ 3 миллиону 670 ҳазор аҳолӣ дорад ва номи кишвар аз забони ҳиндуҳои маҳалли ҳамчун макони сермоҳӣ тарҷума мешавад.

Расонаҳо хабар медиҳанд, ки ҳамаи бозингарони Панама дар бадани худ навиштаҷоти русиро холкӯбӣ — ҳаккокӣ  кардаанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Панама

Дарвозабонҳо: Хосе Калдерон («Чоррило»), Хайме Пенедо («Динамо» Бухарест), Алекс Родригес («Сан-Франсиско»);

Муҳофизатгарон: — Асмахар Ариано («Патриотас»), Фелипе Балой («Мунисипал»), Харолд Каммингс («Сан-Хосе Эрткуэйкс»), Эрик Давис («Дунайска Стреда»), Фидел Эскобар («Ню-Йорк Ред Буллз»), Адолфо Мачадо («Хюстон Динамо»), Михаэл Мурило («Ню-Йорк Ред Буллз»), Луис Овалле («Олимпия»), Франсиско Паласиос («Сан-Франсиско»), Ричард Пералта («Флианса»), Роман Торрес («Сиэтл Саундерс»);

Нимҳимоятгарон:Рикардо Авила («Гент»), Эдгар Барсенас («Тапачула»), Рикардо Буйтраго («Мунисипал»), Мигел Камарго («Универсидад Сан-Мартин»), Адалберто Карраскиля («Тауро»), Армандо Купер («Универсидад де Чили»), Анибал Годой («Сан-Хосе Эрткуэйкс»), Габриэл Гомес («Букараманга»), Хосе Гонсалес («Унион Комерсио»), Кристиан Мартинес («Коламбус Крю»), Валентин Пиментел («Пласа Амадор»), Альберто Кинтеро («Университарио»), Хосе Луис Родригес («Гент»);

Ҳамлагарон:   Абдиел Арройо («Алахуэленсе»), Роландо Блэкберн («Чоррило»), Исмаэл Диас («Депортиво»), Хосе Фахардо («Индепенденте Чоррера»), Роберто Нурсе («Минерос де Сакатекас»), Блас Перес («Мунисипал»), Луис Техада («Спорт Бойз»), Габриэл Торрес («Уачипато»).

 Дастаи мунтахаби Тунис

Тунис ба шумули яке аз дастаҳои миёнаи қитъаи Африқо маънидод мешавад. Дар таърихи худ он ҳамагӣ чор маротиба ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфтааст. Ин маротиба ба тунисиҳо муяссар шуд, ки баъди танаффуси 12-сола аз нав ба бозиҳои Чемпионати ҷаҳон роҳхат гиранд.

Уқобони Карфаген лақаби дастаи мунтахаби Тунис мебошад. Бори аввал дастаи мунтахаби Тунис соли 1978 ба Чемпионати ҷаҳоне, ки дар Аргентина баргузор гардид, роҳхат гирифт. Он аввлин дастаи африкоие мебошад, ки дар рафти Чемпионатҳои ҷаҳон ба аввалин ғалаба қодир шудааст. Тунисиҳо он сол дастаи мунтахаби Мексикаро бо ҳисоби 3 :0 мағлуб карда аз дастаи мунтахаби Полша бо нишондоди 1:0 мағлуб шуданд ва бо дастаи мунтахаби Германия мусовӣ бозиданд. Дигарбора  баромадан ба бозиҳои финалии Чемпионатҳои ҷаҳон ба онҳо душвор гардид ва баъди 20 сол футболбозони Тунис  аз нав тавонитсанд ба бозиҳои финалии соли 1998 ба Франсия оянд. Он ҷо бахташон омад накард ва аз Англия ва Колумбия шикаст хӯрда бо як мусовӣ бо дастаи мунтахаби Руминия мусобиқаро тарк гуфтанд.

Дастаи мунтахаби Тунис чемпиони миллатҳои Африқо дар соли 2004-ум гардид.  Ду маротиба солҳои 1965 ва 1996 барандаи медалҳои нуқра ва як маротиба соли 1962 ҷоизаи сеюми ин мусобиқаро ба даст овард.

Дар ҳайати даста чор нафар бозингарон; Йоан Тузгар дар  дастаи «Сошо», Наим Слити ва Усама Ҳаддодӣ дар «Дижон» ва Ваҳбӣ Ҳазри дар «Ренн»-и Франсия , Сиам Бен Юсуф дар дастаи «Қосимпошо»-и Туркия ва Фаррух бен Мустафо дар «Алаҳли»-и Арабистони Саудӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дастаи мунтахаби Тунис  вобаста ба меъёрҳои ҷойдошта дар  гурӯҳи «G» бо дастаи мунтахаби Панама баробарқувва мебошад.  Ин даста  бо ҳарифонаш дар гурӯҳ як қатор вохӯриҳо ӣбарпо кардааст. Дар чемпионати ҷаҳони соли 1998 аз Англия бо ҳисоби 2: 0 шикаст хӯрда соли 1990 бозиро бо ин даста 1:1 мусовӣ ҷамъбаст кард. Бо дастаи мунтахаби Белгия тунисиҳо се маротиба қувва озмудаанд. Соли 1992 дар як вохӯрии дӯстона Тунис бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардида ,  соли 2002 дар чемпионати ҷаҳон вохӯриро бо ҳисоби 1:1 мусови ҷаъбаст кардаанд. Охирин дидори ин дастаҳо ба вохӯрии дустонае, ки соли 2014 дар Брюсел гузаронидаанду он бо ғалабаи Белгия бо ҳисоби 1:0 ҷамъбаст шудааст, рост меояд.

Барои ба чемпионати ҷаҳони соли 2018 роҳхат гирифтан дастаи мунтахаби Тунис дар гурӯҳи «А»-и Африқо  бо дастаҳои мунтахаби Конгои Демократӣ, Ливия ва Гвинея муқовимат кард ва дар натиҷа бо чор ғалба ва ду мусовӣ ғолиби гурӯҳ эълон гардид. Даста дар ин радиф ягон бохт надорад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тунис

Дарвозабонҳо: Аймен Матлути («Албатен»), Моэз Бен-Шарифия («Эсперанс»), Фарку Бен-Мустафа («Ашшабоб»), Муэ Ассен («Шатору»);

Муҳофизатгарон:  Ҳамди Ноқис («Замалек»), Дилан Бронн («Гент»), Рами Бедуи («ЕС Сетиф»), Йоан Беналуан («Лестер»), Сиам Бен-Юссеф («Касимпаша»), Яссин Мерия («Сфаксен»), Билел Моҳсни («Данди Юнайтед»), Халил Шеммам («Эсперанс»), Уссама Хаддодӣ («Дижон»), Али Маалул («Алаҳлӣ»);

Нимҳимоятгарон: Эле Скири («Монпеле»), Муҳаммад Амин Бен-Амор («Алаҳлӣ»), Гилан Шалали («Эсперанс»), Карим Лариби («Чезена»), Фертани Сасси («Аннаср»), Аҳмад Халил («Африкэн»), Сайфиддин Хауи («Труа»), Мохамед Ларби («Тур»);

Ҳамлагарон:   Фахриддин Бен-Юссеф («Алиттифоқ»), Ваҳби Ҳазрӣ («Ренн»), Анис Бадри («Эсперанс»), Бассем Срарфи («Нитса»), Аҳмад Акаичи («Алиттиҳод»), Наис Слити («Дижон») ва Сабри Халифа («Африкэн»).

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «G»

18 июн. 20.00. Сочи. Белгия – Панама
18 июн. 23.00. Волгоград. Тунис – Англия
23 июн. 17.00. Москва. «Спартак». Белгия – Тунис
24 июн. 17.00. Нижний Новгород. Англия – Панама
28 июн. 23.00. Калининград. Англия – Белгия
28 июн. 23.00. Саранск. Панама – Тунис

 

Июнь 2, 2018 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Хуҷанд» баъди ғалаба бар дастаи КМВА-и Душанбе ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқот баромад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобӣ дастаи Малайзияро мағлуб намуд
«Истиқлол» дар даври дуюми Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Сипоҳон»-и Эрон бозӣ мекунад
ФУТБОЛ. Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ бо ҳам бозӣ мекунанд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дастаи Шри-Ланкаро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо тими Шри-Ланка бозӣ менамояд
Чемпионати ҷаҳон-2024 барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба анҷом расид
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дуюмро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом дод
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Шоми имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Португалия оид ба футзал бозӣ мекунанд
ЛИГАИ ДУЮМИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. «Равшан» бозии якумро бо дастаи футболи «Моҳун Баган» доир намуд
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Равшан» дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё бозии якумашро анҷом медиҳад
«Истиқлол» дар доираи даври аввали Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Шарҷа» бозӣ мекунад