Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ба кори худ оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба кори худ оғоз бахшид.
Интизор меравад, ки дар оғози ҷаласа сарвазирон ва роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои ИДМ-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул намоянд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар рӯзномаи ҷаласа 14 масъала, ки ба таҳким ва густариши ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисоду гуманитарӣ ва дигар самтҳо нигаронида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ҷаласа тибқи анъана дар ҳайати хосса ва васеъ доир гардида, роҳбарони ҳайатҳо дар бораи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод ва ҷараёни гуфтушунид оид ба лоиҳаи Созишномаи савдои озод ва хизматрасонӣ табодули афкор хоҳанд кард.
Дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ дар бахши гуманитарӣ Низомнома оид ба Анҷумани омӯзгорон ва кормандони маорифи давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Лоиҳаи байналмилалии ҷавонон «100 ғоя барои ИДМ» мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2018 раёсат дар ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






