Дар Душанбе рӯнамоии китоби «Боқинома» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 7.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ёдбуди Шоири халқии Тоҷикистон устод Боқӣ Раҳимзода имрӯз дар шаҳри Душанбе маҳфили илму адаб ва рӯнамоии китоби «Боқинома» баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маҳфили мазкур адибон, ҳунармандон, дӯстдорони каломи бадеъ ва наздикону пайвандони Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода иштирок намуда, доир ба ҳаёту фаъолияти шоир сухан гуфтанд.
Зимни маҳфил раиси Иттифоқи нависандагони Точикистон Низом Қосим иброз дошт, ки дар китоби «Боқинома» аз оғоз то ба анҷом намояндагони илму адаб доир ба ҳаёти фарзанди фарзона Боқӣ Раҳимзода хотироти хешро баён намудаанд.
Аз ҷумла, дар китоби мазкур сухани Мирзо Турсунзода оварда шудааст, ки мегӯяд: «Боқӣ Раҳимзода яке аз шоироне мебошад, ки беҳтарин анъанаҳои назми ҳазорсолаи тоҷикро давом дода, онро ба рӯҳи муосирони мо мутобиқ мегардонад».
Ҳамчунин китоби «Боқинома» хотироти зиёди аҳли қаламро дар бораи зиндаёд Боқӣ Раҳимзода дар бар мегирад. Дар он, аз ҷумла, хотироти Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҳошим, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Абдулҳамид Самад, Атахон Сайфуллоев, Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб, Носирҷон Маъсумӣ, Сайидалӣ Маъмур, Хуршеда Отахонова, Масъуд Муллоҷонов, Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Рустами Ваҳҳоб, Маҷид Салим ва Боқӣ Раҳимзода дарҷ гардидаанд.
Дар «Боқинома» ба ҷуз хотироти ҳамқаламону шогирдон ашъори ин шоири ширинкалом ва асари «Соқинома» низ ҷо дода шудаанд.
Мураттиби асар Фирӯзаи Абдуқодир, муҳаррир ва муаллифи сарсухан Меҳмон Бахтӣ буда, асар дар нашриёти «Адиб» чоп шудааст.
Дар фарҷоми маҳфил як зумра ҳунармандон аз осори пурғановати шоири зиндаёд суруд хонда, хотири ҳозиринро болида гардониданд.











Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд






