Дар вилояти Суғд қочоқи беш аз 20 ҳазор килограмм хурмо пешгирӣ карда шуд

Июнь 13, 2018 11:31

ДУШАНБЕ, 13.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд,  ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ  аз ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Р.Ш., воқеъ дар маҳаллаи 3-юми ҳудуди шаҳри Хуҷанд ба миқдори 20 ҳазору 450 килограмм меваи хурмои истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Эрон дарёфт карда шуд.

Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, моли мазкур ба шаҳрванд Р. Ш., соли таваллудаш 1987 тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молро бидуни назорати гумрукӣ тариқи қочоқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додааст.

Дар вақти санҷиш соҳиби моли мазкур ягон ҳуҷҷати гумрукӣ пешниҳод карда натавонист.

Мувофиқи хулосаи филиали суғдии Маркази ҷумҳуриявии экпертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши умумии 20 ҳазору 450 килограмм меваи хурмо 421 ҳазору 923 сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Р.Ш. бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.

Июнь 13, 2018 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад