ГАР ШИНОВАР НЕСТӢ, ПО БАР ЛАБИ ДАРЁ НАМОН! Надонистани қоидаҳои оббозӣ ва бетаваҷҷуҳии волидон сабаби ғарқшавии 5 нафар гардид
ДУШАНБЕ, 18.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз огоҳӣ ва ҳушдорҳои батакрори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як шабонарӯзи охир ба дастгоҳи Кумитаи мазкур дар хусуси ғарқ шудани 5 нафар маълумот ворид шудааст, ки 3 нафари онҳо кӯдакон буда, калонтарини онҳо 15-сола мебошад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ иттилоъ дода, илова намуд, ки панҷ нафар дар дарёҳои Сир, Кофарниҳон, Вахш ва Панҷ ғарқ шудаанд.
«Оббозӣ дар ҷойҳои барои шиноварӣ номусоид, надонистани шиноварӣ ва бетаваҷҷуҳии волидон аз сабабҳои аслии ғарқшавии кӯдакон дар дарёҳо ҳисобида мешавад. Аслан оббозӣ дар ин дарёҳо хатарнок буда, шиноварӣ дар онҳо тавсия дода намешавад. Танҳо маконҳои муайяне ҳастанд, ки онҷо оббозӣ кардан мумкин аст. Лекин баъзе аз сокинон ҳушдору огоҳиҳои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро нодида мегиранд, ки боиси ғарқшавии онҳо мегардад. Панҷ нафаре, ки шабонарӯзи гузашта ғарқ шуданд, дар маконҳое оббозӣ доштанд, ки барои шиноварӣ мусоид набуданд»,-бо ташвиш изҳор медорад Умеда Юсуфӣ.
Гуфта мешавад, ки кормандони Кумитаи мазкур ҷасади панҷ нафари ғарқшударо пайдо намуда, ба мақомоти дахлдор супоридаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва дар ҷойҳои муайяншуда ба шиноварӣ машғул шаванд.
Ҳамчунин волидонро огоҳ менамояд, ки фарзандони худро дар лаби дарёву кӯлҳо беназорат нагузоранд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






