Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ- татбиқи барномаҳои ободонию созандагӣ дар пойтахти мамлакат
ДУШАНБЕ, 13.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маҷмааи варзишии замонавӣ ба истифода дод.
Аз Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейболу баскетбол ва бозиҳои кӯдакона махсус гардонида шудааст.
Атрофи майдончаи варзишӣ бо гулҳои мавсимӣ сабзу хуррам ва зебо гардонида шуда, сокинони маҳаллаи Камоли Хуҷандии пойтахт аз бунёд ва ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар ин маҳалла хушнуд гардиданд. Онҳо дар маҳаллаашон ба истифода додани иншооти варзиширо самараи ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки бунёд ва ба истифода додани майдончаҳои варзишию солимгардонӣ дар пойтахт дар заминаи татбиқи барномаҳои ободонию созандагӣ ва зебо гардонидани симои шаҳри Душанбе амалӣ мегарданд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






