Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ниёзмандони шаҳри Душанбе кумак намуд
ДУШАНБЕ, 13.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 12 июн бахшида ба иди шарифи Рамазон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба ниёзмандони чор ноҳияи шаҳри Душанбе кумак намуд.
Тавре аз маркази иттилоотии ҶҲАТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, кумаки мазкур бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Туркия ба 500 нафар ниёзмандони шаҳри Душанбе расонида шуд.
Ин кумак дар маҷмӯъ аз маводи озуқаворӣ, аз ҷумла, 2500 кг орд, 500 кг биринҷ, 1000 кг шакар, 1000 литр равғани растанӣ, 500 кг. макарон, 500 кг лубиё, 500 кг наск, 500 кг нахӯд, 500 кг марҷумак, 0,5 кг чойи хушк ва 500 кг намак иборат буд.
Бояд зикр намуд, ки дастгирии шахсони ниёзманд яке аз ҳадафҳои асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Ҷамъият ҳамеша мекӯшад барои дастгирии онҳо мусоидат намояд.











Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






