МУТАХАССИСОНИ АРЗАНДА БЕ ҶОИ КОР НАМЕМОНАНД. Дар Донишкадаи политехникии Хуҷанд ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор гардид
ХУҶАНД, 12.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимии шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Интихоби мутахассисони арзанда» барои бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагони донишгоҳҳои олии мамлакат ярмаркаи дарёфти ҷои кор доир намуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» устоди донишкадаи мазкур Абдусабури Абдуваҳҳоб хабар дод, иқдоми мазкур соли сеюм аст, ки амалӣ мегардад. Мақсад аз ташкили он нишон додани натиҷаи фаъолияти Донишкада, робита бо корхонаву ташкилотҳо ва дар ин замина, таъмин намудани коргоҳҳои вилоят бо мутахассисони ҷавону соҳибкасб аз ҳисоби хатмкунандагони донишкада мебошад.
Дар ярмаркаи кории назди донишгоҳ 45 коргоҳу ширкатҳои миқёси вилоят бо пешниҳоди ҷойи кор ширкат намуда, тариқи видеороликҳо доир ба фаъолияту имконият ва афзалиятҳои кории худ маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд. Дар интиҳои ярмарка зиёда аз 50 нафар хатмкунандагон тариқи суҳбат тавонистанд худро чун корманд ба намояндагии коргоҳҳои ширкаткунанда номнавис кунанд.
Бояд гуфт, ки соли гузашта донишкадаи мазкурро 918 нафар хатм карда, тибқи маълумоти оморӣ, зиёда аз 95 фоизи хатмкунандагон сохиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Аз ҷумла, тариқи ярмаркаи «Интихоби мутахассисони арзанда» то ин муддат зиёда аз 70 нафар хатмкунандагон соҳиби ҷойи кор гардидаанд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






