Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем»

Июнь 28, 2018 09:12

ДУШАНБЕ, 28.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон  муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ ба  ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд  иброз  намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро рӯзи 27 июни соли 1997 бо Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик имзо кард.

Дар тақвияти гуфтаҳои мазкур  Пешвои миллат иброз доштанд, ки  «мо ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем. Ин нуктаи муҳимро тамоми мардуми тоҷик бояд донанд. Ман дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоям ва имрӯз низ бо эътимоди комил иброз медорам, ки «сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад».

Президенти мамлакат ҳамчунин  даъват ба амал оварданд, ки  «ҳар яки мо, яъне насле, ки ҳамаи даҳшату маҳрумиятҳои он айёми пурфоҷиаро аз сар гузаронидаем, бояд тамоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро барои таҳкими сулҳу субот ва устувории пояҳои давлатдории миллиамон сафарбар намоем».

 

 

Июнь 28, 2018 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд