СОЛИ 2020 БОРИ СЕЮМ ДАР ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИХТИЁР БАРӮИХАТГИРИИ УМУМИИ АҲОЛӢ ДОИР КАРДА МЕШАВАД. Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатии мусоидати барӯихатгирии умумии аҳолӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи давлатии мусоидати барӯихатгирии умумии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи нахустини ин Комиссия баргузор гардид, ки дар он аъзоёни Комиссияи давлатӣ – роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, дигар ташкилоту муассисаҳои масъул ширкат намуданд.
Дар оғози ҷаласа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода хотиррасон намуд, ки Барӯихатгирии умумии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон дар даҳ сол як маротиба дар доираи Барномаи умумиҷаҳонии барӯихатгириҳои аҳолӣ ва фонди манзил, ки аз ҷониби Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ амалӣ карда мешавад, доир мегардад. Бори охир чунин барӯихатгирӣ дар Тоҷикистони соҳибихтиёр соли 2010 гузаронида шуда буд. Барӯихатгирии навбатӣ соли 2020 баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯихатгирии аҳолӣ» Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015 таҳти № 572 «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯихатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2016 таҳти №511 «Дар бораи тадбирҳои иловагии гузаронидани барӯихатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» ба тасвиб расидаанд.
«Ин дар ҳаёти мамлакат чорабинии бисёр муҳим аст ва аз ҳамаи мо масъулияти хеле баландро тақозо мекунад, — иброз дошт Қоҳир Расулзода. – Зеро дар ҷараёни он ба ҷуз шумораи умумии аҳолии кишварамон инчунин маълумотҳои дигар, аз ҷумла роҷеъ ба суръати афзоиши аҳолӣ, таносуби гурӯҳҳои аҳолӣ аз рӯи ҷинсият, синну сол, нишондиҳандаҳои таваллуд ва фавт, шуғл, маълумот ва ғайра ба даст оварда мешаванд. Бо вуҷуди он ки ин як чорабинии фарогир ва серхарҷи оморӣ ҳаст, зеро ба он даҳҳо ҳазор нафар масъулон ҷалб карда мешаванд, вале фоидае, ки дар натиҷаи гузаронидани ин чорабинӣ ба даст меояд, аз хароҷоти он зиёдтар хоҳад буд».
Ин ва дигар вазифаҳо дар Тартиби тайёрӣ ва гузаронидани Барӯихатгирии умумии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2017 таҳти №424 тасдиқ шудааст, зикр гардидаанд. Бо қарори мазкур инчунин низомнома ва ҳайати Комиссияи давлатии мусодати барӯихатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд.
Тибқи қарори Ҳукумати мамлакат, вазифаҳои асосӣ ҷиҳати тайёрӣ ва гузаронидани Барӯихатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 ба зиммаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудаанд. Директори Агентӣ Гулнора Ҳасанзода дар ҷаласаи Комиссияи давлатӣ оид ба тадбирҳои омодагӣ ба маъракаи мазкур ва лоиҳаи Барномаи барӯихатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил, ки соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Норак доир карда мешавад, маълумот дод. Роҷеъ ба ин масъала гузориши муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва Раиси шаҳри Норак Фатҳулло Ҳурматзода низ шунида шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки дар давоми вақти боқимонда ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Барӯихатгирии умумии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 бояд тадбирҳои зиёд, аз ҷумла корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шаванд, бояд аҳолӣ дарк намояд, ки барӯихатгирӣ – ин як чорабинии муҳим ва муфид аст ва маълумотҳое, ки дар натиҷаи гузаронидани он ба даст меоянд, асоси омори миллиро ташкил медиҳанд, ки дар ниҳояти кор ба нафъи худи аҳолии мамлакат истифода хоҳанд шуд. Дар ин робита Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дод.