То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ «Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол» ба нашр мерасад

Июнь 13, 2018 09:47

ДУШАНБЕ, 13.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 67 сол муқаддам, 13 июни соли 1951 Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ  куҳантарин муассисаи илмии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Аз замони таъсиси худ институт муассисаи илмии бисёрсоҳа буда, масъалаҳои таърихи халқи тоҷикро аз замонҳои қадим то рӯзҳои мо баррасӣ менамояд.

Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ тасмим гирифтааст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол»-ро дар се ҷилд ба нашр расонад. Таҳти роҳбарии директори Институт Зикриё Акрамӣ ва академик Раҳим Масов, узви вобастаи АИ Абдуфаттоҳ Шарифзода, муаррихон Намоз Ҳотамов, Рақиб Абдулҳаев, Фозил Абдурашидов ва дигарон ҳайати муаллифони китоби мазкур ташкил гардидааст ва корҳо дар ин самт ҷараён доранд.

Тавре директори Институт Зикриё Акрамӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ҷилди якуми китоб ба заминаҳои таъсиси давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бахшида шуда, солҳои 90-ум то 2001-ро дар бар мегирад. «Он ба давраи пойдоршавӣ, мустаҳкамшавӣ ва устуворгардии сохтори давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар ҷилди дуюм солҳои 2001-2016 аз назари имрӯзаи илми таърихнигорӣ баҳогузорӣ карда мешаванд. Ҷилди дуюм ба ҳаёти созандагии мардуми тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ин давра сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба сатҳи ҷаҳонӣ баромад, бахшида шудааст. Дар ин ҷилд мо кӯшиш кардем ҳамаи навгониҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба қалам биёрем, то насли имрӯза тавонад аз нигоҳи илмӣ бо таърихи начандон дур ва муосири хеш ошно шавад»,-зикр кард номбурда.

Ба гуфтаи З. Акрамӣ, зери назари ӯ соли 2015 ба ҳамин монанд «Очеркҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол» ба табъ расид. Дар он масъалаҳои мубрами таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта то соли 2015 ба тариқи очерк инъикос ёфта буд. Вале  асари «Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол» сирф илмӣ буда, бо ҷалби натиҷаҳои навтарини таҳқиқот, дар шакли муккамал, бо таҳлили амиқ ва баҳодиҳии аниқи таърихӣ ба хонандагон пешкаш мегардад.

«Бояд зикр намуд, ки асарҳо оид ба масъалаҳои ҳаёти сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле зиёд таълиф шудаанд, вале онҳо танҳо воқеаҳои сиёсиро дар бар гирифтаанд. «Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол»  ҳамчун китоби дастҷамъонаи олимони институт дар маҷмӯъ ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро фаро мегирад», -гуфт ҳамсуҳбат.

Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамчунин мужда расонид, ки рӯзҳои наздик аз ҷониби олими  тоҷик Раҳим Масов ва мардумшинос Зуҳро Мадаминҷонова китоби «Таърихи этникӣ ва этногенези халқи тоҷик» пешкаши хонандагон мегардад. Ин асар аз ду ҷилд иборат буда, дар маҷмӯъ 1800 саҳифаро дар бар мегирад. Дар асар раванди пай дар пай ба тариқи эволютсионӣ ташаккул ёфтани халқи тоҷик аз лиҳози таърихи маънавӣ ва моддӣ аз қадим то имрӯз инъикос ёфтааст. Дар айни ҳол китоб пурра таълиф гардида, дар ҳолати ислоҳи камбудиҳои техникӣ қарор дорад.

«Китоб бо забони русӣ таълиф гардида, бозгардонии он бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дар ояндаи наздик пешбинӣ шудааст. Асар аҳамияти илмӣ ва сиёсӣ дошта, ба воситаи он мероси ориёии тоҷикон ба ҷаҳониён пешкаш мегардад. Мо бояд исбот кунем, ки тоҷикон миллати тамаддунӣ ҳастанд ва дар тамаддуни ҷаҳонӣ мақом ва манзалати худро доро мебошанд. Барои нашри ин китоби калонҳаҷм баъзе мушкилиҳои молӣ вуҷуд доранд ва роҳбарияти Академияи илмҳо талош дорад ба зудӣ роҳи ҳалли онро ёбад»,-гуфт директори Институт.

Ёдовар мешавем, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби олимони институт даҳҳо монографияҳо таҳия ва ба масъалаҳои ҷудогонаи муҳими таърих бахшида шудаанд. Дар байни онҳо силсилаи иборат аз се китоби академик Р. Масов ба яке аз масъалаҳои муҳими таърихи минтақа – тақсимоти миллию марзии Осиёи Миёна ва сарнавишти халқи тоҷик дар ин раванд бахшида шудааст.

Бо вуҷуди он ки илми таърихшиносии тоҷик дар солҳои истиқ-лолият тамоми вазниниҳои таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро аз сар гузаронда, он на танҳо неруи асосии илмиро нигоҳ дошт, балки ба пешрафтҳои қобили таваҷҷуҳ дар омӯзиши таърихи гузаштаи халқи тоҷик ноил гардид.

Намунаи барҷастаи дастоварди илми таърихшиносии тоҷик дар ин давра ифтитоҳ ёфтани Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар соли 2011 мебошад. Дар он бозёфтҳои ҷолиб ва пурарзиш ба маъраз гузошта шудаанд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон дар ним асри охир тавассути муҳаққиқон кашф шудаанд. Дар толорҳои он бозёфтҳои бостоншиносӣ дар чунин объектҳои дар ҷаҳон машҳури Саразм, Тахти Сангин, Аҷина-Теппа, димнаи Панҷакент, Шаҳристон, Куркат, Кофир-қалъа ва ғайра ба маъраз гузошта шудаанд, ки ҳар сол бо нигораҳои нав пурра карда мешаванд.

Соли 2007 барои таъсис додани маҷмӯаи осорхонаҳо ба ҳудуди Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон инчунин Осорхонаи мардумшиносӣ интиқол дода шуд, ки дар он ҷо ашёи нодири фарҳанги моддии тоҷикон аз нимаи дуюми XIX ҷамъоварӣ карда шудаанд. Дар назди осорхонаҳо озмоишгоҳи тармимию техникӣ амал мекунад.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Июнь 13, 2018 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Ҳисси баланди миллӣ дошта бошем ва аз тоҷик будани худ ифтихор намоем»
Дар Бадахшон озмуни вилоятии «Канӣ духтарон» ҷамъбаст гардид
Дар Бохтар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии минтақа баргузор шуд
Соли 2024 155 километр роҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст