ТОҶИКОН ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон шавқу шӯри футбол бархостааст: ҳама — аз хурд то бузург – ин бозиро дӯст медоранд, тамошо менамоянд, мухлисӣ мекунанд, орзу мепарваранд…
ДУШАНБЕ, 28.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар Тоҷистон воқеан ҳам шавқу шӯри ҳақиқии бозии футбол дар авҷ аст. Мухлисон бозиҳои футболро тамошо мекунанд, дӯст медоранд, ба дапстаҳо ва бозингарони писандидаи худ ҳаводорӣ мекунанд ва дар як гӯшаи қалби худ орзу мепарваранд, ки дастаи мунтахаби кишвари худро дар чемпионатҳои ҷаҳон бубинанд, — менависад яке аз ҷавонтарин хабарнигорони АМИТ «Ховар» Маърифат САЙФУЛЛОЗОДА, ки худи ӯ низ ба футбол шавқи беандоза дорад. Ӯ тавассути гузоришҳои телевизионӣ ва маводе, ки дар интернет нашр мегарданд, бозиҳои Чемпионати 21-уми ҷаҳонро оид ба футбол, ки дар Россия идома дорад, пайгирӣ намуда, маводи зиёде низ ҷамъоварӣ намудааст.
Имрӯз, 28 июн дар варзишгоҳи Калинингради Россия бозии мунтахаби Англия ва Белгия баргузор мегардад. Миёни даҳҳо ҳазор нафар ҳаводорони футбол дар варзишгоҳ мухлиси 71-сола аз шаҳри Хуҷанд Абдушариф Раҳимов низ ширкат ва дастаи Англияро дастгирӣ мекунад. «Маҳз ба хотири роҳ ёфтан ба чемпионати ҷаҳон ӯ ҳудуди ним сол кӯшиш намуд»,-менависад «Азия-плюс».
Шабонгаҳи дирӯз дар маркази омӯзишии хобгоҳи «Чароғи ҳидоят» нигоҳам ба гиря карданҳои дугонаҳоям афтид-онҳо чун Неймари овозадор ба муносибати ғалабаи дастаи мунтахаби Бразилия бар Коста-Рика ашки шодӣ мерехтанд.
Бале, ҳоло дар рӯзҳои Чемпионати ҷаҳон дар Тоҷикистон шавқу шӯри зиёде дар ин маврид паҳн гаштааст: ҳама аз хурд то бузург футболро дӯст медоранд, бозиҳоро тамошо ва дар ин бозиҳо ҳунарнамоии дастаи миллӣ ва бозингарони писандидаашонро ҷонибдорӣ мекунанд.
Ҷомеаи ҳаводорони футболи Тоҷикистон имрӯзҳо хеле бо эҳтирос дар бораи ҳар як бозии футбол ба ҳамдигар нақл намуда, онро ба таҳлилу баррасӣ мекашанд. Яке ғолибиятро ба Россия, дигаре ба Бразилия ва сеюмӣ ба Англия ё Хорватия рабт медиҳанд.
Зимнан, зимистони соли равон ҷоизаи асосии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол Ҷоми ФИФА-«Трофи тур» ба Душанбе оварда шуд, ки ташаббуси асосиро дар ин амал «Coca Cola» нишон дод. 5 феврал ҳама дӯстдорону мухлисони ин навъи варзиш метавонистанд ин ҷомро, ки дар «Кохи Борбад» ва меҳмонхонаи «Ҳаят Ренҷенсӣ» гузошта шуда буд, аз наздик бубинанд ва бо он акси хотиравӣ бигиранд. Ва тибқи маълумот, дар Душанбе беш аз 3 ҳазор нафар бо ин ҷом акс гирифтанд.
Ҷамъомад бахшида ба «Трофи тур» – яъне овардани Ҷоми мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба футбол дар Душанбе фазои идона ба бор оварда, имконият фароҳам намуд, то мухлисони ин намуди варзиш дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи варзишии дунё қарор бигиранд Ҷоми ҷаҳонии футбол бо ҳавопаймои махсус ба Тоҷикистон оварда шуд.
Дар ин сол кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия ғолибияти худро дар «чемпионати ғайрирасмии ҷаҳон оид ба футбол миёни сафоратхонаҳо» таҷлил намуданд. Дипломатҳои тоҷик дар қувваозмоӣ миёни 12 даста аз Қазоқистон, Молдова, Муғулистон, Испания, Колумбия, Чин, Боливия, Ироқ, Кувайт ва Россия мақоми аввалро касб намуданд.
Дастаи Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол миёни кӯдакони ятим мақоми 6-умро соҳиб гашт.
Моҳи июли соли равон дар таърихи футболи Тоҷикистон бори аввал чемпионат оид ба футбол миёни дастаҳои бонувон доир мегардад. Дар робита ба он 25 июн тамринҳо оғоз гаштанд.
Футбол бозии миллионҳост аст, бозиест, ки миёни оммаи мардум хеле машҳур ва маҳбуб гаштааст, аз ҷумла, дар Тоҷикистон низ. Тамошои зиёди пахши мустақими бозиҳои футбол гувоҳи ин гуфтаҳост. Барои ҳарчӣ бештар рушд намудани дастаҳои футбол дар кишвар Федератсияи миллии футболи Тоҷикистон кумак мекунад. Федератсия инчунин мухлисонро низ дастгирӣ мекунад, зеро бе онҳо варзиш маънии худро аз даст хоҳад дод.
Ба қарибӣ, қабл аз оғози чемпонати ҷаҳон мухлисони ин навъи варзиши моро ба Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Душанбе даъват намуданд. Бо иштироки онҳо рӯнамоии филми ФИФА оид ба 11 шаҳре, ки дар он ҷо чемпионати ҷаҳон доир мегардад, намоиш доданд. Дар ин мулоқот ниби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов зикр намуд, ки дар раванди баргузории бозиҳои Чемпионати ҷаҳон, ки телевизиони «Варзиш» иҷозати расмии пахши мустақимро аз ҷараёни онҳо ба даст овардааст, дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон зери осмони кушод тамошои якҷояи ин бозиҳо ташкил карда хоҳад шуд. Барои ғолибон беш аз 2000 тӯби футбол пешбинӣ шудааст.
Мухлисони футболи тоҷик акнун дар ҳама бозиҳои Чемпионати ҷаҳон иштирок карда, маҳорати беҳтарин футболбозони дунёро аз наздик мебинанд. Ва орзуи онро мекунанд, ки замоне фаро мерасаду дар варзишгоҳҳои бузурги ҷаҳонӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистонро низ дар қисмати финали чемпионати ҷаҳон хоҳанд дид.
Шабонгоҳи имрӯз бозӣ миёни Япония- Полша, Сенегал – Колумбия, Панама – Тунис, Англия – Белгия доир мегардад. Ба кадоме аз онҳо муяссар мешавад, то ба плей-офф роҳхат гиранд?
Биёед, бозиҳои Чемпионати ҷаҳонро дар телевизиони «Варзиш» тамошо намуда, аз хабарҳои охирини ин мусобиқоти бонуфузтарини олам дар рубрикаи «Футбол-бозии миллионҳо» дар сомонаи АМИТ «Ховар» ва барномаҳои варзишии радиои «FM Ховар» бохабар мешавем!..
Маърифат САЙФУЛЛОЗОДА,
АМИТ «Ховар»
ДАР БОРАИ МУАЛЛИФ
Шинос шавед: хабарнигори нави агентӣ – Маърифат Сайфуллозода, ҷавонтарин ҳамкори мо. Ӯ 15 апрели соли 1995 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст.
Соли 2013 мактаби миёнаро ба итмом расонидааст. 3-юми октябри ҳамон сол дар Боғи марказии фарҳангу фароғати шаҳри Ваҳдат мулоқоти самими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият, фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид. Дар ин мулоқот Маърифат низ ширкат дошт ва ба ӯ муяссар гардид, ки бо Сарвари давлат аз наздик ҳамсуҳбат гардад ва дуову насиҳати падаронаи Пешвои миллатро бигирад. Маърифат Сайфуллозода худи ҳамон сол ба факултети журналистии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пазируфта, дар Маркази таълимии ҷумҳуриявии «Чароғи ҳидоят» номнавис гардид.
Аз соли 2017, баъди хатми донишгоҳ, бо воситаҳои ахбори оммаи мамлакат ҳамкорӣ оғоз намудааст. Хонандагон ӯро тавассути нигоштаҳояш дар рӯзномаҳои «Минбари халқ» ва «Ҷавонон Тоҷикистон» хуб мешиносанд.
Аз 19 июни соли 2018 ба ҳайси хабарнигори АМИТ «Ховар» фаъолият мекунад.