«Ваҳдати миллӣ-омили рушди устувори сайёҳӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон суҳбати «мизи мудаввар» доир гардид
ДУШАНБЕ, 25.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати комил дар кишвар дар натиҷаи талошҳои созанда ва пайгиронаи Асосгузору сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат торафт бештар мешавад. Бино ба иттилои шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ, симои Тоҷикистон ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ беш аз пеш устувор мегардад. Ин нукта зимни мизи мудаввар таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ-омили рушди устувори сайёҳӣ», ки имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллтӣ баргузор гардид, зикр шуд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, донишҷўёни бахши сайёҳии макотиби олии кишвар ҳузур доштанд.
Ҳамоишро муовини якуми Раиси Кумита Ҳабибулло Амирбекзода оғоз намуда, иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Зимни суханронии худ муовини аввали Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рамазон Давлатов зикр намуд, ки воқеан ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд. Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини мо низ ин аст, ки бо истифода аз дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияҳои пешрафта, ҳамчун наслҳои закиву донишманд, соҳибмаърифату соҳибмаълумот дар оянда тақдири давлату миллати худро ба даст гирем.
Зикр гардид, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардидааст. Муҳимтар аз ҳама, бо шарофати ҳамин сулҳу субот, сиёсати оқилона ва дурандешонаи Сарвари давлат ва хиради азалии халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ кардем.
Дар анҷоми кори ҳамоиш миёни иштирокчиён доир ба таҳкими истиқлолияту ваҳдат, бедор намудани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, содиқ будан ба ҳифзи манфиатҳои давлату ҳукумат мубодилаи афкор сурат гирифт.








САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид






