Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба каратэ – кёкушинкай иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 14.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 17 июни соли 2018 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба каратэ – кёкушинкай баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дирӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Аскарҷон Кароматов барои иштирок дар чемпионати Осиё озими Қазоқистон гардид. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 9 нафар варзишгар муаррифӣ менамоянд.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати варзишгарони тоҷик аз Алӣ ибн Муҳаммад, Умедҷони Тоҷиддин, Аюбҷон Амонов, Роланд Глоклер, Фарангис Ҳоҷизода, Ҳусейн Сайфиддинзода, Билол Ниёзов, Фирӯз Кароматов ва Сироҷиддин Кароматов иборат буда, онҳо дар вазнҳои 35, 40, 45, 55, 65, 70 қувваозмоӣ мекунанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






