2 июл-Рӯзи байналмилалии рӯзноманигорони соҳаи варзиш: аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ рӯзноманигорони тоҷик аз ҷараёни бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол гузориш медиҳанд

Июль 2, 2018 14:02

ДУШАНБЕ, 02.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 июл тамоми ҷаҳониён Рӯзи байналмилалии рӯзноманигорони соҳаи варзишро ҷашн мегиранд. Имсол таҷлили ин ид ба айёме рост омад, ки ҳамаи рӯзноманигорони ин соҳа дар рӯзҳои баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол – 2018, ки дар Федератсияи Россия ҷараён дорад, қарор доранд.  Соли равон аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рӯзноманигорон аз Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» дар ин бозиҳо  расман номнавис  шуданд ва аз оғоз то анҷом ба тамошобинон ва дӯстдорони футбол гузоришҳо пешниҳод менамоянд.

 Оид ба чанд паҳлӯи муҳими  ин мавзӯъ ва бурду бохти рӯзноманигорони соҳаи варзиш дар Тоҷикистон мухбири АМИТ «Ховар» бо яке аз ровиёни футболи тоҷик Аловиддин Бӯриев, ки ҳамзамон дар  АМИТ «Ховар» низ фаъолият менамояд, ҳамсуҳбат шуд. Инак онро манзури хонандагони сомона мегардонем.

АМИТ «Ховар»:  Аловиддин, Шуморо дар қатори ҳазорон нафар мухлисони футбол аз хурдӣ  ғоибона мешиносам ва ҳаводорӣ мекунам. Акнун мехоҳам бигӯед, ки корро дар риштаи рӯзноманигории соҳаи варзиш кай ва чӣ гуна шурӯъ намудед?

 А. Бӯриев: Солҳои 1990 буд. Вақте ки ба «Телевизиони Тоҷикистон» ба кор омадам, онҷо ба ман масъулияти муҳаррири варзиш ва идораи барномаҳои ҷавониро доданд. Мавзӯи варзиш ба назари  журналистон ҳамон вақт он қадар кори ҷиддӣ набуд, вале ман дар ин соҳа пайваста кор кардам ва дар натиҷа бисёр барномаҳои нави худро дар ҳамин ҷода эҷод кардам. Барномаҳои «Дунёи варзиш» ва «Гол» -ро пеш мебурдам, ки махсус ба варзиш вобастагӣ доштанд. Аз ҳамон вақт ба варзиш қадам гузошта, то имрӯз дар ҳамин самт барномаву гузоришҳо омода ва манзури тамошобинону хонандагон мегардонам.

АМИТ «Ховар»: Ҳоло мо дар рӯзҳои баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол – 2018 қарор дорем. Ба андешаи Шумо, то кадом андоза ровиёни соҳаи варзиши мо метавонанд  тамошобинонро бо ин бозиҳо шинос гардонанд?

А. Бӯриев: Бояд гуфт, ки дар ҳар соҳае набошад, новобаста ба он, ки варзиш аст ё самти дигар, ба ҳар кас писанд афтодани рӯзноманигорону шореҳон кори бисёр душвор аст. Дар ин кор бисёр қадамҳои устувор гузоштан зарур аст. Баъди он ки дар мамлакати соҳибистиқлоли мо телевизиони махсуси соҳавӣ –«Варзиш» ба истифода дода шуд, ҷавонони зиёде даври ин минбар ҷамъ шуданд. Фикр мекунам, ки ин ҷавонон дар ҳамкорӣ бо он нафароне, дар ин самт пайваста фаъолият мекунанд, ба дастовардҳои хеле зиёд ноил гардиданд.

Бубинед, имрӯз дар соҳаи варзиш бисёр истилоҳот ва калимаҳои  нави тоҷикӣ ворид шудаанд ва соҳаи мазкур бисёр ривоҷ ёфтааст.  Вақте ки аз кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе гузар мекунем, мебинем, ки телевизионҳои калон гузошта шуда, мардум  бо завқи беандоза дар зери осмони софу беғубор телевизиони «Варзиш» ё «Футбол», яъне шореҳони моро тамошо ва гӯш мекунанд ва аз бозии дӯстдоштаи худ — футбол лаззат мебаранд.  Баъзан ба кори мо эрод мегиранд, мегӯянд, ки хатоҳо мавҷуданд. Бале, хатоҳо ҳастанд, зеро дар замони Шӯравӣ ибораҳои зиёди русӣ вориди забони мо гардида буданд. Имрӯз мо онҳоро тоҷикӣ кардем ва ҳоло дар ин самт корҳо ҷараён доранд.

АМИТ «Ховар»: Дар замони соҳибистиқолии мамлакат ва пас аз таъсиси телевизиони «Варзиш» аз ҷараёни баргузории Бозиҳои  тобистонаи олимпӣ – 2016, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор гардид, рӯзноманигорони ин телевизион, ки аккредитатсия шуда буданд, гузоришҳои мустақим ва ғайримустақим пешкаши тамошобинон мегардониданд. Ҳоло аз ҷараёни баргузории  Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол – 2018 низ чунин гузоришҳо ба назар мерасанд. Мегуфтед, ки дар ин мусобиқаи сатҳи олии ҷаҳонӣ ТВ «Варзиш»-ро киҳо намояндагӣ мекунанд?

А.Бӯриев: Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол- 2018, ки ҳоло дар  Федератсияи Россия ҷараён дорад, аз телевизиони «Варзиш»  шореҳ Бобо Холмуродзода ва наворбардор Акрам Калонов аккредитатсия шудаанд ва ҳамарӯза аз ҷараёну натиҷаҳои бозиҳо гузориш медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар вақти баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол  аккредитатсия кардан бисёр кори мушкил аст, зеро маблағи калоне даркор аст, ки варзишгар дар ин муддат аз як шаҳр ба шаҳри дигар равад ва ё дар меҳмонхонаҳо ҷой бигирад.

Бояд гуфт, ки истиқлолияти комил ва сиёсати бобарори имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин шароитро барои рӯзноманигорони мо фароҳам овардааст.

АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки кадом намуди варзиш дар мамлакати мо бештар рушд менамояд?

А. Бӯриев: Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бештар мухлисони футбол ба чашм мерасанд, зеро дараҷаи инкишофи он ҳам оҳиста-оҳиста боло рафта истодааст. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барномаи масус оид ба рушди футбол таҳия ва тасдиқ гардидааст.  Намудҳои гӯштин низ пеш рафтаанд. Дар намудҳои гӯштин ва бокс ҳам мо  дастовардҳои хеле  зиёд дорем. Аз намудҳои варзише, ки даставӣ ҳастанд, соҳиби ҷойҳои намоён гардидан бисёр душвор аст, аммо дар намудҳои фардӣ ин кор каме беҳтар роҳандозӣ шудааст, мисли он ки  Дилшод Назаров чемпиони Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, чемпиони ҷаҳон ва соҳиби даҳҳо мақоми дигар гардид. Ин нишондиҳанда  далели  он аст, ки намудҳои варзиши фардиро бештар  бояд рушд дод.

АМИТ «Ховар»: Омодакунии кадрҳои журналистии соҳаи варзиш дар кадом сатҳ аст?

А. Бӯриев: Бояд гӯям, ки кадрҳои журналистии соҳаи варзиш, яъне шореҳонро  дар мактабҳо меомӯзонанд, тарбият мекунанд,  ки ин хуб аст,   вале кори осон нест. Онҳоеро ба ин кор метавон ҷалб кард ва тарбият намуд, ки дар дил меҳри варзиш ва малакаи шарҳ доданро дошта бошанд. Дар ин поя ман фикр мекунам, ки дар  Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов гурӯҳҳои махсус тарбият карда мешаванд.   Дар ду соли охире, ки Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» фаолият мекунад, аллакай 5-6 нафар шореҳоне фаъолият доранд, ки метавон онҳоро шинохташуда номид.

Имрӯз бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш» ва «Футбол» ба истифода дода шуданд, ки онҳо низ дар омодакунии кардҳои соҳа мусоидат мекунанд.

АМИТ «Ховар»: Инъикоси бозиҳои  Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол – 2018, ба назари Шумо, чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

А. Бӯриев: Ҳуқуки пахши мустақими ҳамаи бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол – 2018 аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бо дастгирии бевоситаи    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба даст оварда шуданд ва тамоми мардуми Тоҷикистон ин 64 бозиеро, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол —  2018 дар Россия ҷараён доранд, мустақиман тариқи телевизионҳои ватанӣ тамошо мекунанд. Бояд гуфт, ки имрӯз имконият нест, ки ҳамаи бозиҳоро ровиёни мо аз майдонҳои баргузорияшон ба таври мустақим шарҳ диҳанд. Аз ин сабаб шарҳи бозиҳо дар студияи марказии Телевизиони «Варзиш» пурра ба роҳ монда шудааст.

Ғайр аз ин хотирнишон менамоям, ки дар сомонаи АМИТ «Ховар» бахшида ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол – 2018 рубрикаи махсусе бо номи «Футбол бозии миллионҳо» роҳандозӣ гардида, ҳамарӯза ба хонандагон оид ба натиҷаву баргузории бозиҳо  хабару гузоришҳо пешкаш карда мешаванд. Мухлисони футбол дар ин рубрика ва дар барномаҳои варзишии Радиои «FM Ховар» метавонанд бо тамоми натиҷаҳо ва рӯйдодҳои Чемпионати 21-уми ҷаҳон оид ба футбол ҳамарӯза ошно шаванд.

 Шукӯҳи ДАЛЕР,

 АМИТ «Ховар»

Маълумоти АМИТ  «Ховар»:

Рӯзи байналмилалии рӯзноманигорони риштаи варзиш шурӯъ аз соли 1995 бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ногаҳонӣ интихоб нагардидааст, зеро маҳз 2 июли соли 1924 дар Париж Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ таъсис дода шуд, ки ҳоло 159 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон аз соли 2011 узви ин Ассотсиатсия мебошанд.

Июль 2, 2018 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад