370 ҳазор сайёҳ аз ҷойҳои таърихиву сайёҳии вилояти Суғд боздид намудаанд

Июль 20, 2018 11:10

ХУҶАНД, 20.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷумҳурӣ беш аз  520 ҳазор нафар сайёҳон боздид намудаанд.  370 ҳазор нафари онҳо аз табиати нотакрор ва ҷойҳои таърихии вилояти Суғд дидан карда, таассуроти баланд бардоштанд.  Дар вилоят баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои қабули сайёҳон, ҳамзамон шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ фаъолияти 24 ширкати сайёҳӣ ба роҳ монда шудааст. Муҳайё намудани шароити мусоид имкон дод, ки дар вилоят сайёҳӣ рушд ёбад.

Ин нукта дирӯз зимни баргузории ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятӣ, ки ба мавзӯи «Аҳамияти ташаббуси Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ доир ба эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзиши таҷрибаи вилояти Суғд» бахшида шуда буд, зикр гашт.

Ҷаласаи сайёр дар Маркази таълимию истироҳатии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон доир гардид. Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», дар ҷаласа аз ҷониби иштирокдорон таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои  манзараҳои зиёди мафтункунандаи табиӣ, чашмаҳои шифобахшу кӯҳҳои осмонбус буда, дар ин замина яке аз минтақаҳое, ки дар ин самт имконият ва таҷрибаи бой дорад, вилояти Суғд мебошад.

Ин таҷриба бояд аз ҷониби дигар минтақаҳо низ омӯхта шуда, ҳамзамон ҳамоишҳои тарғиботӣ, чун фестивали «Марҳабо, ба Суғди бостон» ва Форуми байналмилалии сайёҳӣ ки дар шаҳри Исфара  доир гардид, дар дигар манотиқ баргузор карда шаванд.

Ҳамзамон дар самти   муаррифӣ ва шинохти фарҳангу асолати миллӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори манзараҳои зебову мафтункунандаи мамлакат бо вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани сифат ва маданияти хизматрасонӣ мутобиқ ба талаботи меъёрӣ низ бояд бештар заҳмат кашид.

Июль 20, 2018 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд