Ҳадафи Кумитаи рушди маҳал ободонӣ ва зебо гардонидани симои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон аст

Июль 17, 2018 15:26

ДУШАНБЕ, 17.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногун, ки аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд, машваратҳо доир намуда, баҳри бартараф намудани норасоии оби ошомиданӣ дар ин маҳалҳо тадбирҳои судманд анҷом медиҳад.

Дар ин бора муовини раиси Кумитаи мазкур Ёқуб Исмоилзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Кумитаи рушди маҳал ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012-2020» дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо корҳои назаррас анҷом медиҳад.

Дар нишасти матбуотӣ муовини раиси Кумитаи рушди маҳал иброз дошт, ки бо мақсади ободонӣ ва зебо гардонидани симои пойтахти мамлакат, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории самаранок бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт  корҳои ободонӣ, сабзазоркунии гулгашту хиёбонҳо, низоми барқтаъминкунӣ, рангу бори нишастгоҳҳо, шинонидани гулҳо ва ғайра анҷом дода шуд.

Ҳамзамон Кумита тӯли ин муддат фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Шаҳринав, Ҳисор, Лахш, Тоҷикобод, ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, Исфараи вилояти Суғд ва ноҳияи Ванҷи ВМКБ –ро вобаста ба иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худфаъолиятии ҷамъиятӣ» ва дигар қонунҳои соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Июль 17, 2018 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад