Қалъаи Вамари ноҳияи Рӯшон, ки дар асри XVI бунёд шудааст, ба бозсозии ҷиддӣ ниёз дорад
ХОРУҒ, 25.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Қалъаи Вамар аз муҳташамтарин ёдгориҳои таърихии ноҳияи Рӯшон ба шумор меравад, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои шифоҳӣ мансуби қарни X ва мувофиқи санадҳои хаттӣ, ба қарни XVI тааллуқ дорад, вале вазъи имрӯзаи он ба талабот ҷавобгӯ нест», — навиштааст хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.
Корманди Осорхонаи миллӣ Мафтун Қиматшоев гуфт, ки «дар робита ба ин ёдгории таърихӣ то ба имрўз аз ҷониби коршиносон ва муҳаққиқон ба таври дақиқ тадқиқоту ҳафриёт сурат нагирифтаанд. Дар рисолаи «Ҳокимони Қалъаи Вамар» ( таълифи Бовар Суфизода ва Қиматшоҳ Исматзода, соли 1949, бо хати арабиасоси форсӣ) зикр шудааст, ки «…қалъаи Вамар дар давраи Шоҳтолиби Сармаст (дарвеши нимафсонавии қарни X мелодӣ, ки мазори ободаш дар мавзеи хушобу ҳавои Лангари маркази ноҳияи Рўшон зиёратгоҳи ом аст) сохта шуда, соли 1684 навсозӣ гардидааст. Соли 1843 сохтмони қалъа бо фармони ҳокими Рўшон — Сулаймонхон дар майдони масоҳаташ якуним гектар аз нав оғоз шуда, тӯли се сол идома ёфт. Қалъа 3 дарвоза, 1 тӯпхона, зиндони дуқабатаи зеризаминӣ ва дар зери дарахти чанор чоҳи об дошт. Баландии девори қалъа 60 метр, паҳноии деворҳо дар пойин 7 метр ва дар боло 3 метрро ташкил медод. Боғи сарсабзи онро беш аз 100 намуди дарахтони бесамар ва баҳрадор зинат медоданд. Дар саҳни қалъа майдони васеъ бо номи Ригакмайдон (майдони регзор) мавҷуд буд, ки ҷойи баргузории ҷашну маросимҳо ва бозиҳо миллӣ, аз қабили гӯштингирӣ, аспдавонӣ, бузкашӣ ва чавгонбозӣ будааст».
Ҷойи таассуф аст, ки аз боғу майдон, дарвозаю тӯпхона ва чоҳу зиндони қалъа имрӯз ба ҷуз ном нишоне намондааст. Сангу чӯби ин қалъаро низомиёни Россияи подшоҳӣ, ки замоне як қисми онро ба қароргоҳи худ табдил дода буданд ва баъдан сокинони маҳаллӣ барои манфиаташон истифода бурданд. Даҳ соли охир атрофи қалъаро сокинони маркази ноҳия муҳосира намуда, ба хонаю ҳавлӣ ва боғу полез мубаддал кардаанд.
Корманди Осорхонаи миллӣ Мафтун Қиматшоев мегӯяд, ки чанд соли охир Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмиру навсозии Қалъаи Вамар маблағи муайяне ҷудо намуд ва ҶДММ «Акмал» ба таври ҷузъӣ корҳоеро низ дар ин самт анҷом дод. Аз ҷумла, девору манораи пешорӯйи қалъа андаке таъмир шуданд. Барои нигоҳубини қалъа як воҳиди корӣ ҷудо карда шудааст.
Вале вазъи имрӯзаи Қалъаи Вамар хеле нигаронкунанда аст ва таъҷилан ба таъмиру таҷдиди ҷиддӣ ниёз дорад. Аммо дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ кадом муассисаи давлатӣ, ҷамъиятӣ ва ё соҳибкори фарҳангдӯсту фарҳангшинос таъмири пурраи онро бар дӯш мегирад, номаълум боқӣ мемонад. Зеро пас аз чанд соли дигар барқарор кардани ин қалъаи бостонӣ ғайриимкон мегардад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






