Ҳамкорӣ бо террорист се навраси тоҷикро паси панҷара бурд. Василаи тамос- боз ҳам «Zello»

Июль 13, 2018 10:21

ДУШАНБЕ, 13.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар як рӯз 15 дақиқа вақт ҷудо карда, телефони фарзандро тафтиш намудан шояд ӯро аз содир кардани мудҳиштарин ҷиноят боздорад!

Қазияҳои охири судӣ, ки вобаста ба ҷалби сокинони ҷумҳурӣ ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ инъикос мешаванд, ду нуктаи муҳимро барои омӯзиш ва таҳлил ошкор менамоянд: радикализми динӣ ва муҳимияти таваҷҷуҳи волидон ба тарбияву кирдори фарзандон. Махсусан, барои Тоҷикистон, ки ҷомеаи мусулмонӣ ва аҳолии аксаран ҷавон дорад, ташреҳи дурусти исломи мӯътадил ба сокинон, нақши муассир ва ҳалкунанда доштани таваҷҷуҳи волидон дар тарбияи фарзанд муҳим аст.

Паҳлӯи аввали масъала ин бозӣ бо эҳсоси динии сокинони Тоҷикистон аст. Таҳлилҳо ва омӯзишҳое, ки аз ҷониби созмонҳои пурнуфузи байналхалқӣ ҷараён гирифтаанд, собит менамоянд, ки гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ (муттаассифона, бештари онҳо зери ливои ислом фаъолият намуда, ба номи ин дини мубин доғ меоранд) аксаран бо истифода аз эҳсосоти динии ҷомеаи зудбовари мусулмонии Тоҷикистон кӯшиш менамоянд, ки сокинони ҷумҳуриро ба сафҳои худ ҷалб кунанд. Зеро онҳо хуб дарк кардаанд, ки дин ва арзиши динӣ барои тоҷикон масъалаи нозук аст. Аз ин сабаб, бо он бозӣ мекунанд ва тамоми фаъолияти худро ба ин самт равона кардаанд. Террористон ва экстремистон худ дар кадом як гӯшаи ороме паси компютер нишаста, барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки сиёсӣ ва ҷиноии худ «муштарӣ» мекобанд ва бо ташкили ҳар гуна гурӯҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе аз сокинони мусулмони Тоҷикистонро фирефтаи «мавъиза»-ҳои ҳадафмандонаи худ менамоянд. Хабари охирине, ки чанд рӯз пеш аз вилояти Суғд расид, далели возеҳи гуфтаҳои болост.

Чанде пеш суди вилояти Суғд Ғуфрон Ҳайдарови 17-соларо ба шашуним сол ва ду ҳамсоли дигари ӯ — Миркамоли Ҷаббор ва Муродбек Ҳайдаровро ба панҷуним соли зиндон маҳкум кард. Ҳар сеи ин шахсон бо ҷурми «терроризм ва ташкилу узвият дар созмони ифротгаро» гунаҳкор дониста шуданд. Тибқи маълумоти мақомоти тафтишотӣ, онҳо бо раҳнамоии як узви гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ маводи тарканда омода мекарданд. Ин се нафар, ки ба ҳам риштаи хешутаборӣ доштанд, «давраи омӯзиши сохтани бомбаи хурдро тавассути интернет аз бар карда», барои амалӣ кардани нияташон маҳсулот мехариданд. Ба тасдиқи мутахассисон,  маҳсулоте, ки аз рӯи нақша ин наврасон бо он бояд бомба месохтанд, метавонист боиси таркишу харобӣ шавад.

Дар ин ҷиноят «из»-и террористону экстремистони паси компютернишаста махсусан зикр карда мешавад. Зеро ҳар сеи ин шахсон бо нафари номаълуме, ки онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоии ИМО ва «ZELLO» бо ӯ шинос шудаанд, суҳбату мукотибаҳо доштаанд ва мавзӯи аслии суҳбат радикализми динӣ будааст. Худи маҳкумшудаҳо эътироф кардаанд, ки он ҷинояткор вақте барои «ҳамкорӣ» розӣ шуд, ки дар рафтору гуфтори онҳо нишонаҳои радикализми диниро мушоҳида намуд ва ваъда гирифт, ки бинои ҳукуматро метарконанд. Яъне барои он террористон муҳимтар аз ҳама тарконидани бинои ҳукумат аст. Ӯ парвои дин ҳам надорад, парвои ҳаёти наврасон ҳам. Ҷойи афсус аст, ки наврасон ин мақсади ғаразнокро дарк накардаанд. Магар мусулмони ҳақиқӣ бародари мусулмони наврасашро ба сӯйи марг ҳидоят мекунад?

Таассуфовар ин аст, ки вобаста ба фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ доштани барномаи интернетии «ZELLO» аллакай беш аз як сол шуд мақомоти Тоҷикистон маълумот дода, аз сокинон хоҳиш мекунанд, ки ҳангоми корбурд аз шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткор ва зирак бошанд.

Чанд рӯз қабл, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДАМ ҶТ) бо пахши изҳорот ва барномаи махсуси телевизионӣ аз фаъолияти ифротгароёнаи барномаи интернетии «Zello» маълумот паҳн намуда, аз сокинони кишвар даъват ба амал овард, ки ба таблиғоти ифротгароён дода нашаванд. Зеро ин барномаи интернетӣ ва ҳамчунин радиои ҳамноми он сарчашмаи ҷалби шаҳрвандон ба созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошад. Зикр гардид, ки тавассути барномаи интернетии «Zello» душманони давлати мо ҷавононро ба сафи ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» ҷалб намуда, онҳоро «мағзшӯӣ» мекунанд: «Имомхатибони интернетии хориҷӣ ҷавонони моро ба ташкилотҳои террористӣ моил намуда, ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб мекунанд, наворҳо ва сабтҳои дорои хислати зӯровариро паҳн ва ғояҳои салафиро тарғибу ташвиқ месозанд».

Аммо, навобаста ба огоҳкунии мақомоти Тоҷикистон, баъзе сокинони ҷумҳурӣ боз ҳам ба таблиғоти дурӯғини ин гуна гурӯҳҳову созмонҳо дода мешаванд ва баъдтар, замоне, ки аллакай боздошт мешаванд ва паси панҷара мераванд, эътироф мекунанд, ки гӯё аз фаъолияти ҷинояткоронаи ин шабакаҳо хабар надоштанд ва акнун пушаймонанд. Дар ҳоле, ки надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад.

Паҳлӯи дуюм, ин таваҷҷуҳи волидон ба тарбияву кирдори фарзандон мебошад. Дар мурофиаи судие, ки баргузор гардид, муҳимияти ин масъала бори дигар тасдиқи худро пайдо намуд. Зеро, маҳз бетаваҷҷуҳии волидони ин се наврас сабаб шудааст, ки онҳо муддати дароз тариқи интернети телефони дастии худ бо террористе алоқа дошта бошанд. Суоле пайдо мешавад, ки магар дар ин муддат волидони онҳо боре таваҷҷуҳ накардаанд, ки фарзандашон бо чӣ кор машғул аст? Оё дар рафтору кирдори фарзанди хеш тағйиротеро мушоҳида накардаанд?

Чанде пештар дар мақолае, ки ба мавзӯи тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷалб шудани сокинон бахшида шуда буду дар АМИТ «Ховар» бо сарлавҳаи «ЭҲТИЁТ ШАВЕД! Пешниҳоди «дӯстӣ», баҳсҳои мазҳабӣ – нишонаи аввали ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро» нашр шуд, нақши калидӣ доштани оила ва таваҷҷуҳи волидон дар тарбияи фарзанд махсус ишора гардида буд. Яке аз равоншиносони варзидаи кишвар Маҳмадулло Давлатов ба таври возеҳ шарҳ дода буд, ки чӣ гуна аз рафтори фарзанд иқдомҳои ояндаи ӯро ошкор кардан мумкин аст: «Бояд барои фарзанди худ вақт ҷудо кунем, пурсем, ки бо чӣ кор машғул аст, дар бораи чӣ фикр мекунад, чиро мехонад ва тамошо мекунад. Бояд ба хурдтарин тағйирот дар рафтору гуфтори фарзандон таваҷҷуҳ кард. Аз як ҳарфу рафтори кӯчак фаҳмидан мумкин, ки фарзанд ба кадом самт равона аст».

Ин наврасон ба мақомоти масъул, раиси маҳалла ё падару модари хеш муроҷиат накардаву дар пайи сохтани маводи мунфаҷир шудаанд. Суоле пайдо мешавад, ки волидони онҳо магар тағйиротеро дар рафтору кирдори онҳо мушоҳида накардаанд? Магар дар як хона зиста, аз гароиши фарзанд ба ғояҳои радикалӣ хабардор нашудан мумкин аст?

Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ гуфтаанд. Дар як рӯз барои фарзанди хеш 15 дақиқа вақт ҷудо карда, аз кори давоми рӯз кардааш пурсон шудан ва телефони ҳамроҳашро тафтиш намудан пеши роҳи шадидтарин ҷиноятро мегирад. Магар барои волидон ин душвор аст?

Чанде пештар Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи пешниҳоднамудаи Парлумони кишвар дар бораи сахттар кардани ҷазо барои ноболиғонеро, ки ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиву экстремистиро содир мекунанд, рад кард. Дар хулосаи Ҳукумати Тоҷикистон омадааст, ки «ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта асосан бо мақсадҳои сиёсию динӣ содир мешаванд ва тафаккури шахсони 14-15-сола барои ба таври пурра дарк намудани имконияти фаро расидани оқибати барои ҷамъият хавфноки ин кирдорҳо номукаммал аст».

Агар ҳукумати кишвар лоиҳаи мазкурро қабул мекард, ин се наврасро ҷазои боз ҳам шадидтар ва ҳукми тӯлонитар интизор буд.

Дар охир, барои ба доми террористону экстремистон наафтодани сокинони кишвар бори дигар зикр менамоем, ки соли 2015 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати сомонаҳоеро, ки ғояҳои террористӣ-экстремистиро тарғиб менамоянд ва фаъолияташон манъ карда шудааст, дар сомонаи расмии худ ҷойгир кард. Дар рӯйхати мазкур номи барномаи интернетии «Zello» (http://zello.com) низ зикр шудааст. Соли 2017 истифода бурдан аз барномаи «Zello» дар ҳудуди Россия низ манъ карда шуд.

 

Ҷасур АБДУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

Июль 13, 2018 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд