Ба милитсияи шаҳри Душанбе 20 адад скутер тақдим гардид

Июль 14, 2018 17:53

ДУШАНБЕ, 14.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ислоҳоти милитсия ва ва бо мақсади дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолияти оперативӣ-хизматӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир гардидани кормандони милитсия ба Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 20 адад скутерҳои наву замонавӣ тақдим гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъминоти моддию техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ дода, дар баробари сохта ба истифода додани биноҳои наву замонавии хизматӣ ҳамзамон ба кормандони милитсия автомашинаҳои хизматӣ, велосипед, мототсикл, скутер ва дигар таҷҳизоти лозимӣ тақдим карда мешаванд.

Маҳз ба шарофати таваҷҷуҳ ва ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати корҳои дохилии мамлакат имрӯз ба як ниҳоди калидӣ ва қудратманди ҷумҳурӣ табдил гардида, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ нақши калон дорад.

Дар доираи ислоҳоти милитсия ва бо мақсади дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолияти оперативӣ-хизматӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир гардидани кормандони милитсия ба Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 20 адад скутерҳои наву замонавӣ тақдим гардид.

Дар расми супоридани он сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Шариф Назарзода ба қароргоҳи ин воҳиди мақомот ташриф оварда, дар баробари шиносоӣ пайдо намудан аз шароити хизматбарию маишӣ ва кору фаъолияти онҳо ҳамзамон бо милитсионерони Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсия (БХДПМ) суҳбату мулоқоти судманд доир намуд.

Бояд тазаккур дод, ки чун дигар ҷузъу томҳои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадорӣ низ новобаста аз вазъи обу ҳаво баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахт дар се баст дар хатсайрҳои муайяншуда ба таври шабонарӯзӣ хизмати патрулию дидбониро ба роҳ мондааст. Метавон гуфт, ки бо тақдим гардидани ин 20 адад скутер милитсионерони ин ниҳод боз ҳам фаъолияти потрулию дидбониро дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмати дучанд хоҳанд кард.

Скутерҳои мазкур истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, аз ҷиҳати истифодаи сузишворӣ камхарҷтарин маҳсуб меёбанд. Онҳо бо 6 литр бензин 600 км роҳро тай мекунанд.

Шариф Назарзода зимни вохурӣ бо кормандони Баталиён бори дигар таъкид кард, ки бо дарки масъулият ва иҷрои бечунучарои дастуру супоришҳои роҳбарияти Давлату Ҳукумат шабона дар хатсайрҳои муайянгардида тартиботи ҷамъиятиро пурзӯр карда, шабона хатсайрҳои муайяншударо зери назорати қатъӣ гиранд ва аз сар задани ҳар гуна амалҳои ношоиста, аз қабили дуздиву ғоратгарӣ, авбошиву бадмастӣ ҷилавгирӣ намоянд.

Ҳамзамон сардори мақомоти милитсияи пойтахт ҷиҳати таъмини тартиботу риояи қонуният, хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон ва бартараф намудани савдо дар ҷойҳои муқаррарнашуда таъкид намуда, иброз дошт, ки пойтахти кишвар, пеш аз ҳама, бо ободию зебогии худ ва тартибу низом аз дигар манотиқи кишвар бояд фарқ кунад. Дар баробари ин кормандони милитсияи пойтахт низ бо рафтору кирдор, донишу маърифат ва ҳисси баланди масъулияти хизматӣ ва садоқатмандӣ ба давлату миллат бояд намуна бошанд.

Июль 14, 2018 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст
Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд
Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд
Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд
Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид