БАҲРИ ФАРОҒАТИ ШУМО! Дар боғҳои фарҳангию истироҳатии пойтахт барномаҳои тафреҳӣ доир мегарданд

Июль 5, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 05.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 июли  соли равон дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегарданд. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва истиқболи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳр Душанбе роҳандозӣ шудааст.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Каримҷон Салимзода хабар дод, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ аз ҷониби дастаҳои ҳунарии шаҳру навоҳии кишвар, муассисаҳои таҳлсилоти олӣ ва ҳунармандон баргузор гардида, дар онҳо беҳтарин санъаткорони ҷавон ҳунарнамоӣ мекунанд.

7 июл  ҳунармандони Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ — Маркази ҷумҳуриявӣ-эстетикии кӯдакону ҷавонон, Маҳфили ҳаҷвнигорони назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, КВД «Ориёно» ва Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе дар Боғи «С. Айнӣ», ҳунармандони ноҳияи Рӯдакӣ дар Боғи  устод «Рӯдакӣ» ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар «Майдони 800- солагии Москва» барномаҳои ҳунарии хешро пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт мегардонанд.

Инчунин 8 июл  бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ дар  дар Боғи «Парчами давлатӣ», шаҳри Роғун дар Боғи «Рӯдакӣ», шаҳри Ҳисор дар Боғи «Ирам», бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар назди бинои Сирки давлатӣ ва  Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ — Маркази ҷумҳуриявӣ-эстетикии кӯдакону ҷавонон дар Боғи ба номи «Садриддин Айнӣ» барномаҳои фарҳангӣ доир  менамоянд.

Хотиррасон менамоем, ки барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар Боғи   «Ирам» соати 10:00 ва дар дигар боғҳои  пойтахт соати 19:00  оғоз мегарданд.

 

 

Июль 5, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид