«ЧУ БИНӢ ЯТИМЕ САР АФКАНДА ПЕШ…». Раиси шаҳри Исфара рӯзи якшанбе ба дидорбинии тарбиятгирандагони Хонаи бачагони шаҳраки Шӯроб рафт
ДУШАНБЕ, 18.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода рӯзи якшанбеи 15 июл ба дидорбинии 34 нафар тарбиятгирандагони Хонаи бачагони шаҳраки Шӯроб рафт, ки айни замон дар лагери «Оташак» истироҳат доранд. Дар ин бора котиби матбуотии Раиси шаҳр Иқбол ТЕШАЕВ дар саҳифаи худ дар шабакаи Фейсбук навиштааст.
Бино ба ин нигошта, шаҳрдори Исфара тайи як соате, ки дар лагер қарор дошт, бо якояки тарбиятгирандагон дар алоҳидагӣ суҳбату нисбати онҳо меҳрубонӣ намуд, падарвор сари онҳоро сила ва ҳолпурсӣ кард, онҳоро ба омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар ва роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намуд.
Раиси шаҳр ҳамчунин вазъи буду бош, шароити истироҳату фароғати кӯдаконро шахсан санҷидаю ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани вазъи зиндагӣ ва сифати ғизои кӯдакон ба роҳбарияти Хонаи бачагон ва маъмурияти ҶСШК «Ангишт», ки лагери «Оташак» мансуб ба онҳост, дастурҳои мушаххас дод.
Гуфта мешавад, ки шодию нишоти кӯдаконро аз ин ташриф ва суҳбатҳои самимона бо шаҳрдор ва шириниҳои ҳадяовардаи ӯ ҳадду канор набуд.
Кӯдакон дар навбати худ дар ҳузури Раиси шаҳр дар ситоиши Ватан шеъру таронаҳо қироат карданд.
Сиҷоуддин Саломзода бо камоли майл ҳамроҳ бо кӯдаконе, ки хоҳиши барои хотира ҳамроҳ бо ӯ сурат гирифтан доштанд, аксбардорӣ намуд.
«Ростӣ, дар тасвири он лаҳзае, ки Нодираю Абӯбакр дар ситоиш ва бо ёди падару модар суруд мехонданд, руҳияи ширкатдорони суҳбат, алахусус кӯдаконе, ки бо амри тақдир аз меҳри падариву модарӣ маҳрум гаштаанд, қалам оҷизӣ мекашад…», — навиштааст дар интиҳо Иқбол Тешаев дар навиштаи худ, ки ба он «Чу бинӣ ятиме сар афканда пеш…» ном ниҳодааст. Манзури ӯ, албатта, ин мисраҳои шоир аст:
Чу бинӣ ятиме сар афканда пеш,
Мадеҳ бӯса бар рӯи фарзанди хеш.
Ало то нагиряд, ки арши азим,
Биларзад ҳаме, чун бигиряд ятим.
Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли равон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа роҳбарон, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон ва сойири мардумро ба кӯмак кардан ба ятимону беморон, пиронсолону ниёзмандон ва дигар амалҳои неку созанда даъват намуда, чунин иброз доштанд: «Чунин рафтори саховатмандона, бешубҳа, аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ ва тарбиявӣ дошта, дар айни замон ба густариши раҳму шафқат дар байни аъзои ҷомеа, таҳкими муносибатҳои нек миёни одамон ва то андозае ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат мекунад».
















Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






