Дар Бонки миллии Тоҷикистон масоили ҳамкории дуҷониба бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид

Июль 4, 2018 08:40

ДУШАНБЕ, 04.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ»   дирӯз  зимни мулоқоти муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев  бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ  таҳти роҳбарии менеҷер оид ба лоиҳаҳои бахши хусусии Бонки ҷаҳонӣ  Мариализа Мота, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад,  баррасӣ гардид. 

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои бахши молиявиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкории мутақобилан судманд бо Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Мавсуф   барои мусоидат дар татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ» (марҳилаи 4)  ба намояндаи Бонки мазкур Мариализа Мота изҳори сипос карда, саҳми Бонки ҷаҳониро дар ин бахш баланд арзёбӣ кард.

Ҳамчунин дар мулоқоти мазкур  муовини раиси БМТ Ҳамидулло Машрабзода оид ба корҳои анҷомдода дар татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ» ва «Беҳтар намудани инфрасохтори молиявӣ», аз ҷумла, раванди насби барнома, дастрас намудани таҷҳизоти техникӣ ва ғайра маълумот дод.

Зикр гардид, ки барои беҳтар кардани инфрасохтори иттилоотӣ инчунин таҷдиди низоми иттилоотии коммуникатсионӣ зарурат дорад ва дар доираи лоиҳаи мазкур мусоидати Бонки ҷаҳонӣ аз манфиат холӣ нест.

Июль 4, 2018 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад