Дар Душанбе оид ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои бахши гумрукӣ мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. 12 июл дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Петер Олтерс баргузор шуд.
Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо дар баробари баррасии масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои бахши гумрукӣ, инчунин оид ба ҷараёни амалишавии лоиҳаи «Ҳисобот оид ба самтҳои фаъолияти гумрукӣ» табодули назар намуданд.
Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода аз ҳамкории мутақобилаи судманд бо Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам вусъат бахшидани муносибатҳои дуҷонибаи муфид дар самти фаъолияти гумрукӣ изҳори ҳавасмандӣ кард.
Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Петер Олтерс омодагии хешро барои вусъат бахшидани муносибатҳои ҳамкорӣ дар оянда изҳор карда, татбиқи лоиҳаҳои муштаракро ҷиҳати устувор намудани фаъолияти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Зимни суханронӣ Ян Петер Олтерс ҳамзамон оид ба мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли он, кумаки техникӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони Хадамоти гумрук ибрози назар намуд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






