Дар ноҳияи Рашт ба кӯдакони маъюб 8 адад аробачаи маъюбӣ ва 10 асобағал тақдим гардид

Июль 7, 2018 13:15

 РАШТ, 07.07.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз бахшида ба Рӯзи маъюбон дар маркази будубоши «Аниса»-и ноҳияи Рашт  маҳфили идона баргузор гардид. Дар ин барномаи  фарҳангӣ дастархони идона кушода,  38 нафар кӯдакони маъюбро бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуданд ва  онҳоро барои истироҳат ба боғи фарҳангии ноҳия бурданд.

Тибқи иттилои мудири бахши ҳифзи иҷтимоии ноҳия Нуъмоншо Исматов,  дар ноҳияи Рашт 1700 нафар маъюбон ба қайд -гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 296 нафарашон то 18-сола  мебошанд. Дар рӯзи таҷлили иди маъюбон бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба кӯдакони маъюб 8 адад  аробачаи маъюбӣ ва 10 адад асобағал тақдим карда шуд.

Масъулини ҳукумати ноҳияи Рашт гуфтанд, ки маъюбони ноҳия ҳамеша зери таваҷҷуҳи  кормандони соҳаи тандурустии ноҳия қарор дошта, онҳоро пайваста ройгон табобату ташхис менамоянд. Ҳамчунин соли равон аз ҳисоби  соҳибкорону фитри рӯзаи аҳолӣ ба 1700 нафар маъюб ва 3500 оилаҳои ниёзманд ба маблағи зиёда аз як миллион сомонӣ кумак расонидаанд.

 

Июль 7, 2018 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ