Дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ҷаласаи Ситоди омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Ситоди омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳо, фаъолони вилояти Хатлон ва гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи ободонию бунёдкорӣ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа Сарвазири мамлакат рушд ва мушкилоти бахшҳои муҳими хоҷагии халқ, раванди корҳои сохтмонӣ ва дигар самтҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, аз масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят талаб намуд, ки корҳои созандагию бунёдкориро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат тақвият бахшанд.
Таъкид гардид, ки масъулин ва соҳибкорони ватаниро мебояд дар заминаи тадбирҳои фароҳамовардашуда баҳри ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Ҳамчунин дар ҷаласа ҷиҳати мувофиқ ба талаботи замон бунёд намудани иншооти таъйиноти гуногун лоиҳаҳои намунавӣ муаррифӣ гардиданд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






