Дар шаҳри Гулистон бо дастгирии саховатпешагон мактаби санъат сохта мешавад

Июль 10, 2018 09:30

ДУШАНБЕ, 10.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мактаби нави санъат сохта мешавад. Бинои замонавии мактаб аз ду ошёна иборат буда, тибқи талаботи умумии муассисаҳои мактабӣ барои 200 ҷой дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, масоҳати умумии қитъаи замини ҷудошуда барои сохтмони мактаби санъат 2500,0 м2 буда, барои сохтмони он аз ҷониби шахсони саховатпеша 5,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Мақсад аз таъсиси мактаб рушди санъат ва фарҳанги миллӣ, тарбияи истеъдодҳои ҷавон ва ҳифз намудани анъана ва арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад.

Июль 10, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид