Дар Суғд Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ гузаронида мешавад

Июль 20, 2018 10:15

ДУШАНБЕ, 20.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳҳои июл–ноябри соли равон Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ гузаронида мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар Фестивал-озмуни вилоятӣ ҳунарҳои мардумӣ аз рӯи самтҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, чармгарӣ, рассомӣ пешниҳод карда мешаванд.

Ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмуни вилоятӣ рушду инкишоф додани ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таърихи пурғановати миллат, эҳёи суннатҳои асил, тарғиби либоси миллӣ, тараққӣ додани санъати ҳунармандӣ, муаррифии ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии ҳунармандон мебошад.

«Дар Фестивал-озмун шаҳру ноҳияҳои вилоят бо пешниҳоди маҳсулоти ҳунармандӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи пурмазмуни фарҳангӣ метавонанд иштирок намоянд», — афзуд манбаъ.

Ба ғолибони  Фестивал-озмун дар ҳар самт барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мутаносибан 3 000 сомонӣ, 2 000 сомонӣ ва 1 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Барои барномаи беҳтарини фарҳангӣ низ тақдими ҷоизаҳои пулӣ дар назар дошта шудааст.

Июль 20, 2018 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад