ЭҲДО БА ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳри Роғун 4 коргоҳи ҳунармандӣ ва муассисаи таълимӣ бунёд мегарданд
РОҒУН, 16.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун 13 нуқтаи фурӯши ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид. Барои зебою дилрабо гардидани маркази шаҳр гӯшаю овезаҳои тарғиботӣ насб намуда, гулгашту майдончаҳои варзишӣ сохтанд. Ҳар рӯзи шанбе барои сокинони шаҳр ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои дастрас ташкил мешаванд. Ин нуктаро раиси шаҳри Роғун Иброҳими Билол 14 июл зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Дар нишаст зикр гардид, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар деҳаи Қандаки шаҳри Роғун муассисаи таълимӣ барои 520 хонанда ва аз ҳисоби соҳибкорону ҳунармандон майдончаҳои варзишӣ, синфхонаҳои иловагӣ, бинои ҳаммом ва сартарошхона дар маҳаллаи Майдони нав, ду майдончаи бозии кӯдакон дар маҳаллаи 25-солагии Истиқлолияти шаҳри Роғун бунёд шуда, роҳи маҳаллаи Истиқлол-Норакиён навсозӣ ва роҳи деҳаи Ҷавонӣ таъмири ҷорӣ мешаванд.
Зикр гардид, ки то таҷлили ин ҷашни муҳими давлатӣ дар шаҳр инчунин 4 коргоҳи истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили табақтарошӣ, оҳангарӣ ва дӯзандагию бофандагӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Бояд гуфт, ки ду адади он дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат- Лахш ҷойгир мешаванд.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






