ОБУ ҲАВО: тобистони имсола муқаррарӣ хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 03.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз то 5 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар вилояти Хатлон вазиши сахти шамол чангу ғубор ба амал меорад.
Дар ин бора имрӯз ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Фаридун Ахмедов хабар дод.
Ба иттилои ӯ, аз 7 июл ҳарорати ҳаво боз рӯ ба баландшавӣ оварда, рӯзона дар вилояти Хатлон 44, ноҳияҳои тобеи марказ 41, вилояти Суғд 41, дар шаҳри Душанбе 38, дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 35 ва дар шарқи он 25 дараҷаро ташкил медиҳад.
«Рӯзҳои 12 то 15 июл ҳарорат каме паст гашта, боз рӯ ба баландшавӣ меорад. Тибқи таҳлилҳо, даҳаи аввали моҳи июл гармтар омада, даҳаи дуюм ва сеюм чун меъёри муқаррарӣ, яъне монанд ба солҳои қаблӣ- на зиёд гарм ва на сард меояд»,-иброз дошт Ф.Ахмедов.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз ҳарорат дар қаламрави ҷумҳурӣ каме паст мефарояд. Дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво боронӣ гашта, шабона +9+14 ва рӯзона +23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, вазиши сахти шамол то 12-17 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19 +24 ва рӯзона +35 + 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки боронӣ шуда, дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор мешавад. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона +35+37 дараҷа гарм мешавад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






