Федератсияи футболи Тоҷикистон дар маҳаллаи Хоруғи боло майдончаи замонавӣ бунёд мекунад
ХОРУҒ, 10.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон барои кӯдакону наврасон ва ҷавонони маҳаллаи Хоруғи боло майдони футболи хурд бунёд мекунад. Ин майдони хурд мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии иншооти варзишӣ сохта мешавад.
Раиси бахши Федератсияи футбол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Аноятшо Аноятшоев ба масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Раиси он Рустами Эмомалӣ изҳори сипос намуда, гуфт, ки қаблан низ дар ҳудуди вилоят чунин майдонҳо бунёд шуда буданд-яке дар маркази ноҳияи Дарвоз ва дуюм дар Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ин ноҳия.
Мутахассиси Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба сохтмони майдонҳои сунъӣ Темуралӣ Алиев гуфт, ки дар бунёди ин майдон тамоми меъёрҳои муосири сохтмонӣ ба назар гирифта шудаанд. Шояд баъзеҳо чунин суол гузоранд, ки оё ин майдон ба иқлими сард, барфу боронгариҳои шадиди вилояти Бадахшон тоб оварда метавонад?
Темуралӣ Алиев посух гардонд, ки «чунин майдонро чанд сол пеш дар Ҷамоати Сағирдашт, яке аз мавзеъҳои сард ва сербарфи ҷумҳурӣ сохта буданд ва бо гузашти солҳо заррае сифати он коста нагаштааст. Дар зери сабзаи сунъӣ қубурҳо гузошта шудаанд, ки тавассути ин қубурҳо оби барфу борон берун аз майдон партофта мешавад. Масолеҳи сохтмонӣ аз кишварҳои Туркия ва Россия дастрас гардидааст».
Масъули сохтмони ин майдон Темуралӣ Алиев аз кумаку дастгирии беғаразонаи ҷавонони маҳаллаи Хоруғи боло изҳори хушҳолӣ карда, гуфт, ки «агар ҳамин гуна ҳамкорию дастгирӣ аз сӯи ҷавонони маҳаллаҳои дигари шаҳр сурат бигирад, мо омода ҳастем барои онҳо низ дар оянда чунин майдонҳои зебову замонавӣ бунёд намоем».








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






