ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВИИ ҶАВОНОН. Дар Ванҷ таҳти унвони «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» аксияи тарғиботӣ доир гардид

Июль 17, 2018 19:17

ДУШАНБЕ, 17.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 июл гурӯҳи ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ, ки бо мақсади иштирок дар Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Зиракии сиёсии ҷавонон – омили рушди амну суботи кишвар» ба   Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кардаанд, дар ноҳияи Ванҷ аксияи тарғиботию ташвиқотӣ баргузор намуда, ҷавонони маъюби ноҳияро аёдат намуданд.

Мухбири АМИТ «Ховар» Шукӯҳи Далер, ки ба ин ҳайат шомил аст, аз ҷараёни баргузории аксия аз ноҳияи Ванҷи ВМКБ хабар медиҳад.

Дар доираи аксияи тарғиботии «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» иштирокчиён варақаҳои тарғиботию ташвиқотӣ тақсим намуда, аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва пойдории сулҳу Ваҳдати комили тоҷикон, ки бо талошҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, ёдовар шуданд.

Ҷавонон яке аз мақсадҳои дигари сафари худро ба ин вилояти дурдасти мамлакат муттаҳидӣ ва дӯстӣ байни ҳамсолони худ арзёбӣ намуда, дар суҳбату вохӯриҳо бо дӯстонашон муҳтавои суханронии Сарвари давлатро ки мохи майи соли равон дар мулоқот бо аҳли ҷамоати мамлакат оид ба масъалаҳои муҳими замони муосир баён дошта буданд, шарҳ доданд.

Бояд гуфт, ки аёдати шахсони имконияташон маҳдуд ва суҳбати самимӣ бо онҳо аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз он ёдовар шуда, ҷавононро ба ин роҳ ҳидоят мекунанд.

«Мо, ҷавонон дар ҳақиқат имрӯз шоҳиди он гардидем, ки ВМКБ ва махсусан ноҳияи Ванҷ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат хеле зебо гардидааст»,- иброз дошт яке аз иштирокдорони Форум Мирзошариф Абдусаломов. Ӯ гуфт: «Аз ин сафар ва дидани ободкорию бунёдкорӣ сухане ба ёдам омад, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2013 дар суханронии худ зимни мулоқот бо фаъолону сокинони ин ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Ноҳияи Ванҷ дар замони истиқлолият хеле тараққӣ карда, имрӯз ба як мулки ободу зебо табдил ёфтааст».

Мавриди зикр аст, ки Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва таҳти сарпарастии президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ мегардад.

Дар он зиёда аз 100 нафар ҷавонони касбу кори гуногун- гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, олимон ва муҳаққиқони ҷавон, варзишгарону кормандони соҳаи кор бо ҷавонон, санъаткорону адибон ва ихтиёриёни фаъоли кишвар ширкат доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин сафар ҷавонон аз мавзеъҳои таърихию мадании шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷ ва Шуғнон дидан менамоянд.

Июль 17, 2018 19:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд