Хонандагони мактаби рақами чоруми ноҳияи Ванҷ соли нави таҳсилро дар бинои нав истиқбол мегиранд
ХОРУҒ, 13.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами чоруми ноҳияи Ванҷ ҳангоми ба таътили тобистона рафтан бо бинои кӯҳнаи мактаби худ хайру хуш карданд. Зеро соли нави таҳсилро онҳо дар бинои нави сеошёна, ки барои 640 хонанда пешбинӣ шудааст, истиқбол мегиранд.
Бинои нави таълимгоҳ бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.
Муҳандиси Ҷамияти масъулияташ маҳдуди «Ҷовид» Назаралӣ Хабиров гуфт, ки «хишти аввали ин бино соли 2016 дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, пас аз як моҳ он мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Барои бунёди бино ва таъмини он бо воситаҳои муосири таълимӣ 15 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Бинои нав аз 24 синфхона, 4 кабинети фаннӣ, ду озмоишгоҳ- яке барои фанни химия ва дигар аз фанни физика, китобхонаи электронӣ, маҷлисгоҳ, ошхона иборат аст».
Директори ин муассисаи таълимӣ Саломат Шарифов ба Ҳукумати ҷумҳурӣ барои бунёди чунин иншооти замонавӣ изҳори сипос намуда, гуфт, ки «дару девори долону толор бо нақшу нигори миллӣ чунон зебо оро ёфтаанд, ки сокинони ноҳия ҳатто аз деҳоти дурдаст омада, баъди тамошои ин ҳаккокиҳо ба ҳунари дасти ҳунармандон аҳсан мехонанд. Дар ин ҷо ҳамаи намудҳои ҳунарҳои дастии сокинони манотиқи мухталифи кишварро дидан мумкин аст. Мо кӯшиш мекунем, ки бо истифода аз чунин шароити хубу мусоид сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврасро боз ҳам баландтар бардорем».










Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






