Имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии вилояти Суғд Рӯзи маъюбон таҷлил мешавад
ХУҶАНД, 07.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар нафароне, ки бо ҳукми тақдир маъюбу дастнигаранд, бо ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаро гирифта шудаанд. Аз ҷумла бо ташаббуси хайрхоҳонаи Пешвои миллат ҳамасола 8 июл ҳамчун Рӯзи маъюбон таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибаи имрӯз, 7 июл, дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии вилояти Суғд, аз ҷумла, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаб-интернатҳо, мактаби бачагони ятим ва маъюб аз ҷониби роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва сарпарастони муассисаҳо барои бошандагон дастархонҳои идона ороста шуда, барномаҳои фарҳангӣ низ пешниҳод мегарданд. Ҳамзамон бахшида ба ин сана дар Чойхонаи миллии Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки беш 300 нафар маъюбону пиронсолон, намояндагон аз бахшҳои ҷамъиятҳои шаҳру ноҳиявӣ ва Иттиҳодияи миллии маъюбони ҷумҳурӣ барномаи идонаи вилоятӣ доир мегардад.
Бино ба гузориши хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», ҳамчунин дар доираи таҷлили Рӯзи маъюбон ҷиҳати бо аёдату ғамхорӣ фаро гирифтани ин қишри ниёзманди ҷомеа дар ҳамаи марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ гузаронидани муоинаи тиббии ройгон барои маъюбон, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, аёдат намудани шахсони имконияташон маҳдуд ва баргузории хатнатӯи кӯдакони маъюб ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин рӯз ба маъюбон кумакҳои моддӣ ва молиявӣ низ расонида мешаванд.
Ҳоло дар миқёси вилояти Суғд 22 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 1800 нафар будубоши доимӣ доранд.
Дар маҷмӯъ, имрӯз дар вилояти Суғд беш аз 47 ҳазор нафар маъюбон ба қайд гирифта шуда, аз онҳо беш аз 4000 нафарашон маъюбони гурӯҳи 1 ва беш аз 7000 нафар кӯдакони маъюби то 18- сола мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамаи маъюбони мамлакат зери ғамхории пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, дар арафаи ҷашну идҳо аёдат карда мешаванд.
Абдуаҳад ШАРИФЗОДА,
хабарнигори минтақавии
АМИТ “Ховар”








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






