«ИМРӮЗ NEWS» ДАР БОРАИ «ҶОНИ ВАТАН»: Ин сурудест, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдат «аз номи тамоми миллати тоҷик сароида шуд»

Июль 6, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 06.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Ӯ ҷони миллат аст…»-суруде, ки аз номи тамоми миллати тоҷик сароида шуд. Таҳти ин унвон  дар шумораи навбатии рӯзномаи «Имрӯз News» (чоршанбе, 4 июли соли 2018 №105) матлабе нашр шуд, ки писанди хонандагони сершумор гардид.

Матлаби мазкур ба қалами Довуд Исматӣ («Имрӯз News») тааллуқ дошта, муаллиф дар он дар бораи  суруде навиштааст, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ сароида шуд ва ба қавли ӯ «ғулғулае ба по кард».

Зимнан, соли равон тантанаҳои 21-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд баргузор гардиданд. Дар ин рӯзҳо Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят як зумра иншооти муҳими таърихӣ ва ҷашниро мавриди истифода қарор доданд. Инчунин дар ин арафа дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ консерту барномаҳои фарҳангӣ баргузор гардиданд.

Дар идомаи матлаб омадааст, ки «шояд хеле кам афрод интизор доштанд, ки дар таҷлили ин ҷашн дар шаҳри Истаравшан маҳз ҳамин суруд муаррифи воқеии ваҳдату ҳамдилии мардуми Тоҷикистон мегардад».

Муаллифи шеъри «Ҷони ватан», ки дар ин матлаб дар борааш нақл шудааст, шоири хушбаён  Давлат Сафар буда, онро Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов сурудааст. «Яке аз камтарин сурудҳоест, ки бидуни ҳеҷ таблиғу такрор ба такрор пахш шудан маҳбубияти хосса пайдо кард. Ва ин воқеияти замон асту қобили эътироф»,- гуфта мешавад дар матлаб.

Ҷон фидо дар роҳи паймон кардааст,

Сад биёбонро гулистон кардааст.

Сарзамини пора-порагаштаро

Ҷамъ карда, Тоҷикистон кардааст.

Чунин аст оғози суруди мазкур, ки ба назари муаллифи матлаб «мухтасари таърихи воқеии ба Ваҳдат ва ҳамдилӣ расидани миллати тоҷик аст, ки дар саргаҳи он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истодааст».

Сароянда Ҷамшед Исмоилов  ба «Имрӯз News» гуфтааст: «Чун матн хуб аст, аз аввал эътимодам ин шуд, ки писанди ҳамагон мешавад. Аммо бояд ман онро тарзе сароям, ки ҳам навоварӣ дошта бошаду ҳам дар фосилаи кӯтоҳ таърихи расидан ба Ваҳдат ва баъди онро инъикос кунад».

 

Июль 6, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид