Имсол зиёда аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон маносики ҳаҷ ба ҷо меоранд
ДУШАНБЕ, 25.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими ҳаҷи имсола тавассути Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд. Дар ин бора имрӯз, 25 июл зимни нишасти матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар нишаст роҳбарияти Кумита, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва доираи васеи рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ҳар сол ҷиҳати муташаккилона сафарбар намудани зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ аз ҷониби кормандони ин ниҳод корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, даҳаи аввали моҳи августи соли равон аввалин гурӯҳи зоирини Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ сафар мекунад, ки ба ин гурӯҳ 180 нафар шомил мебошанд.
Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими «Ҳаҷ-2018»-ро муайян намуд, ки он 33 ҳазору 410 сомониро ташкил медиҳад.
Ба маблағи зикршуда хароҷоти чиптаи ҳавопаймо (рафту омад), иқомат ва будубош дар Маккаи мукаррама, таъмини ҳоҷиён бо се вақт хӯроки гарм дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо хӯрок дар мавзеъҳои Мино, Арафот ва Муздалифа, таъмини роҳбаладони соҳибтаҷриба ва забондон барои ҳар як гурӯҳ дар тӯли сафари ҳаҷ, иқомат дар Мино, Муздалифа ва Арафот дохил мешавад.
Пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён: Ҷидда – Макка – Мино – Арафот – Муздалифа – Мино – Макка – Мадина, пардохти маблағи ширкатҳои хизматрасон дар Арабистони Саудӣ, таъмини ҳоҷиён бо пизишкони баландихтисос дар мавсими ҳаҷ, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо бейҷикҳо, маълумотномаҳо ва китобчаҳо доир ба ҳаҷ, таъмини ҳоҷиён бо 5 литр оби зам-зам аснои бозгашт ба Ватан ва ҷузвдон низ ба маблағи мазкур дохил мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки адои маносики ҳаҷ аз 25 то 30 рӯзро дар бар мегирад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






