МАҲФИЛИ МУРТАДОН*. Ё боз як изҳороти Ҷамъияти тоҷикон дар Туркия
ДУШАНБЕ, 20.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Чуноне маълум аст, 15 июли соли 2018 созмони террористии наҳзат бо ҳаммаслаконаш кӯшиш намуд, ки рӯзи мавлуди Хумайнӣ — пешвои ҳамаи наҳзатиҳоро зери ниқоби «Таҷлили Ваҳдати миллӣ» ҷашн гиранд. Вале дар ин ҳамоиш касе аз зиёиёни тоҷик ширкат накарданд, ҳатто дӯстони «ҷониашон», ки номашон дар рӯйхати сухангӯён навишта шуда буд, аз иштирок дар мавлуди Хумайнӣ даст кашиданд.
Билохира, дар он ҳамоиш ё бо ном анҷуман танҳо аъзои хонаводаи Кабирӣ ва ё ба истилои дигар баъзе «ашхоси аз таги дор гурехта» ширкат намуданд. Яъне нафароне, ки аз ҷониби волидайн ва миллати тоҷик муртад шудаанд.
Чунон ки зикр гардид, ашхоси соҳибақл дар мавлуди охундӣ ширкат надошт. Вале ба ном ҳомии ҳуқуқи башар Николай Николаев, ки дар худи Россия радди маърака аст, аз номи Федератсияи Россия суханронӣ кард. Ҳамаи мардуми тоҷик хуб эҳсос мекунанд, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия дар сатҳи олӣ қарор доранд. Чеҳраҳои манфуре, мисли Николай наметавонанд ба дӯстии ин ду кишвару ду халқ халал ворид созанд.
Хулоса ҳамин аст, ки ҲНИ бори дигар кӯшиши бесамар намуда, мағлуб гардид ва ё равшантар баён кунем, шарманда шуд. Кабирӣ ва ёронаш бояд бидонанд, ки саҳнаи сиёсӣ саҳнаи хонаводагӣ нест, мардумфиребӣ то ба кай? Дигар ҳеҷ ниқобе сурати манфури онҳоро пинҳон карда наметавонад. Мо тоҷикони Туркия чунин кӯшишҳои ғаразноку намоишкоронаи Кабирӣ ва ёронашро маҳкум намуда, бори дигар ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат мекунем, ки дар гирди Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошанду баҳри ободии сарзамини зебоямон камари ҳиммат бубанданд.
Зинда бод, Тоҷикистони ободу зебо!
Анҷумани тоҷикон дар Туркия
________________________
*Муртад – аз дин баргашта








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






